Ихтисори кормандон ёфтани илоҷи кор нест

23 январ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки қурби равмии сомонӣ еисбат ба доллари ИМА аз аввали сол то 31 декабри соли 2016 108 фоиз коҳиш ёфт, ки аз он 10,3 фоиз ба моҳи январ, 0,3 фоиз ба моҳи феврал ва 0,2 фоиз ба моҳҳои март-декабр рост меояд.
Нурмуҳаммадзода шарҳ дод, ки ба хотири беҳдошти фаъолияти «Тоҷиксодиротбонк», «Тоҷпромбонк» ва “Агроинвестбонк” аз ҷониби Бонки миллӣ ёрии молиявӣ расонда шудааст. Ҳамзамон бонкҳои мазкур тасмим гирифтаанд, садҳо нафар кормандони худро ихтисор намоянд. Аз ҷумла, “Агроинвестбонк” барои коҳиши хароҷот ва беҳбуди вазъи молиявиш ҳудуди 800 коргарро ихтисор карданист.
Ба саволи рӯзноманигорон «Тақдири ихтисоршудагон чӣ мешавад?» Ҷ. Нурмуҳаммадзода афзуд: «Масалан, кормандоне, ки аз “Агроинвесбонк” ихтисор мешаванд, агар мутахассисони хуб бошанд, бе ҷои кор намемонанд. Зеро ташкилоти қарзие ҳастанд, ки онҳоро аз тариқи озмун ба кор мегиранд».
Раиси Бонки миллӣ аз тақдири кормандони ихтисоршудаи “Тоҷиксодиротбонк” ёдовар шуд, ки аллакай онҳоро баъзе ташкилотҳои қарзӣ ба кор қабул кардаанд.

Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *