Ихтиёрӣ + «облава»: ё ҳар ду

Чанд сол аст, ки дар забони кормандони Вазорати мудофиа то  комиссариатҳои ҳарбӣ калимаи «ихтиёрӣ» тӯтивор такрор шуда, гӯё ҷойи «облава»-ро гирифтааст. Тавре дар  ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳии  соли 2017  бо қаноатмандӣ иброз намуда буданд, ин дар натиҷаи дуруст ба роҳмонии корҳои фаҳмондадиҳии шахсони масъул муяссар гардидааст. Аммо дар байни мардум ба ин бо шубҳа изҳори ақида мекунанд. «Ихтиёрии маҷбурӣ», — мегӯянду писханд мезананд. Ё аз интернет хабар меёбем, ки дар фалон ҷо писареро кормандони Комиссариати ҳарбӣ якҷо бо  милитсия «облава кардаанд». Ин гапҳо ба ихтиёрӣ будани тамоми даъватшавандаҳоро, тавре кормандони комиссариатҳо иддао доранд, зери шубҳа мегузорад. Шояд дар маъракаи  Рӯзи даъватшавандаи тирамоҳӣ шубҳаи мазкур аз байн бардошта шавад?

Бингар кӯдак чӣ мегӯяд?

Мегӯянд, ки гапи ростро аз кӯдак ё аз забони маст шунав. Писараки панҷсолае бо  волидону хешон ба маъракаи мазкур омада, аз нурҳои тафсони офтоби пагоҳӣ таги обу арақ шуда буд, диққатамро ҷалб кард.

— Бачаяк, чӣ ном дорӣ?

— Шарифҷон…

-Акаат ба аскарӣ меравад? – пурсидам аз ӯ.

-Бале, ду  акааш ихтиёрӣ ба комиссариат муроҷиат намуданд, — ба ҷойи писарак посух гуфт падараш. – Мактабро бесавод тамом карда, ба ягон мактаби олӣ дохил шуда наметавонанд.  Аз бекоргардӣ дида ба хизмати аскарӣ раванд, беҳтар нест? Дар хизмат тарбияи нав дида, ягон касбукор ёд  мегиранд.

-Ту калон шавӣ, мислии акаҳот аскарӣ  меравӣ? – боз рӯ овардам ба бачаяк. Дилпур будам, ки ҷавоби тасдиқ мешунавам. Вале писарак  бо ҷиддият гуфт:

-Аскарӣ намеравам. Раис мешавам,  ҷипи сияҳшиша мехарам. Аскар намешавам.

Падараш табассум кард:

-Кенҷаи хонаамон аст, Шарифҷон. Агар ягон бегоҳӣ барояш туҳфае набарам, мегӯяд, ки «ба хонаамон надаро, пеши очаат рав!». «Бачам, очам дар қабристонай…». «Ба қабристон рав…»

Умед аст, ки Шарифҷон то ба синни аскарӣ расидан аз масъулон тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии таъсирбахштар гирифта, «облава» нашуда, дар як саф бо  фарзандони вазирону раисон, ҳокимони  шаҳру ноҳияҳо ва дигар мансабдорон хизмати Модар-Ватанро ихтиёр  мекунад.

Писари сардор ба хизмат меравад!

Дар чорабинии Рӯзи даъватшаванда бо сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, ки аз масъулони баргузории маъракаи мазкур маҳсуб меёфт, рӯ ба рӯ шудам. Ниҳоят хурсанд буд.

— Ба Рӯзи даъватшаванда аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе беш аз 140 даъватшавандаро сафарбар кардаем.  Аз ҷумла, писари калониам  ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан меравад.

-Офарин! Мешудаст-ку! Дар куҷост, ки суҳбат кунам, падару писарро якҷоя сурат гирам…

— Боз нагӯянд, ки худнамоӣ мекунад…

Бароям ин муждагонии беҳтарини Рӯзи даъватшаванда дар шаҳри Душанбе гардид. Нангу номуси ватандорӣ ҳамин тавр мебояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ВОҚЕЪАН…

30 августи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба тасвиб расид.  Дар асоси фармони мазкур дар давоми моҳҳои октяб – ноябри соли равон беш аз 15 ҳазор ҷавонони синну соли даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ, мудофиаи шаҳрвандӣ ва бригадаи аспсаворон сафарбар карда мешаванд.

Рӯзи дуюми даъвати тирамоҳӣ -2018 муждае барқосо расид, ки ноҳияи Дарвози ВМКБ дар кишвар нахустин шуда, нақшаи даъватро пурра иҷро кардааст.

Масъулон  иддао доранд, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстиро дуруст ба роҳ монданд ва ҳамаи даъватшавандаҳо ихтиёриён хоҳанд буд.

Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *