Имомзода ҷаласаи Маҷлиси миллиро баргузор намуд
19 декабри соли 2018 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери садорати Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ муҳокимаи парламентӣ таҳти унвони «Асосҳои ҳуқуқию ташкилии номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Дар муҳокимаи парламентӣ раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, аъзои Маҷлиси миллӣ Шоҳиён Нуралӣ, Бобобекова Меҳринисо, Раҷабзода Миралӣ, Дадаҷонова Саёҳат, Насимов Абдурасул, Раҳмонова Наргис, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Бег Хол, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ҳакимзода Қурбон, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осимзода Муҳаммадиброҳим, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Сайфулло Сафаров, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, директори Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, муовинони раисони вилояти Хатлон, шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Рашт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ Имомзода Муҳаммадюсуф зимни ифтитоҳи муҳокимаи парламентӣ интихоби мавзӯи матраҳшавандаро воқеияти мавҷуда унвон дода, афзуд, ки он дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории муҳокимаи парламентӣ», №661, аз 14 декабри соли 2018 сурат гирифта, баррасии масъала оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта аз ҳамагон масъулияти заруриро тақозо менамояд.
Гуфта шуд, ки номвожаҳои ҷуғрофӣ ҳамчун ҷузъи устувору камтағйиршавандаи воҳидҳои забонии минтақаҳои гуногуни таърихӣ нисбат ба забони зинда дар худ марҳилаҳои махталифи рушду густариши забонҳои бостониро таҷассум намуда, хусусияти муҳиму мубрами онҳо метавонад андешаи моро дар бораи равандҳои гуногуни таърихӣ, бавижа дарки масъалаҳои таърихи забон ва ташаккули миллат дар тӯли таърих густариш диҳад.
Зикр гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои истиқлолият аксари номҳои вилояту шаҳрҳо ва ноҳияву деҳоти мамлакат иваз карда шуда, ба табиати миллии забони тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуданд. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, ба ҷанбаҳои илмию таърихии номҳо ва аҳамияти муҳими тарбиявӣ доштани онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҳангоми табдили номҳои ҷуғрофӣ андешаҳои олимони соҳа ва афкори мардуми маҳалҳои гуногун ба инобат гирифта шуда, ин анъана то имрӯз идома дорад.
Ҳамзамон, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ таъкид намуд, ки тибқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ мансуб буда, дар ин самт аъзои Маҷлиси миллиро зарур аст, ки ваколатҳои худро ба таври дахлдор амалӣ намуда, ҳангоми номгузории воҳидҳои маъмуриву ҳудудӣ, пеш аз ҳама, манфиат ва андешаву пешниҳодоти аҳолии маҳалро ба инобат гирифта, аз мероси ғании миллии номгузории тоҷикӣ, ки фарогири фарҳангу маърифати халқамон мебошад, васеъ истифода намоянд.
Аз ҷумла, изҳор гардид, ки номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ бо назардошти манфиатҳои умумидавлатӣ, шароити ҷуғрофӣ, таърихӣ, миллӣ, табиӣ ва шароити дигари маҳал мунтазам ба вуҷуд омада, аз 51 ноҳия, номи 23 ноҳия ё 45 фоизашон солҳои охир иваз гардида, номҳои шинам ва зебои тоҷикиро гирифтаанд. Аз ҷумла, 12 адад ё 52,2 фоиз ба вилояти Хатлон, 2 адад ё 8,7 фоиз ба вилояти Суғд, 5 адад ё 21,7 фоиз ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 4 адад ё 17,4 фоиз ба шаҳри Душанбе тааллуқ доранд.
Номгузории нави шаҳру ноҳияҳо бо назардошти хусусиятҳои миллию таърихӣ амалӣ гардида, ба номҳои шинам ва мақбули тоҷикӣ, аз қабили Куйбишев ба Абдураҳмони Ҷомӣ, Коммунистӣ ба Бохтар (ҳоло Кӯшиниён), Совет ба Темурмалик иваз карда шуданд.
Ҳамзамон, изҳор гардид, ки тибқи омӯзишу таҳлили масъала аз соли 2000, яъне аз рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ то имрӯз, аз ҷониби Маҷлиси миллӣ вобаста ба масъалаи мазкур 88 қарор қабул гардида, бо ин қарорҳо ба 1113 воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, яъне 1 вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 деҳот ва 966 деҳа ном гузошта ё номи онҳо тағйир дода шудаанд.
Мувофиқан, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм номгузориву номивазкуниро нисбати 105, даъвати сеюм нисбати 202, даъвати чорум нисбати 658 ва даъвати феълӣ нисбати 148 воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин татбиқ намудааст.
Ҳамзамон, дар муҳокимаи парламентӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар, муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Бег Хол, директори Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осимзода Муҳаммадиброҳим ва директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода вобаста ба дастоварду камбудиҳои соҳа баромад намуда, даъват ба миён оварданд, ки ҷиҳати номгузории дурусти воҳидҳои марзию маъмурӣ ҳамкории пайвастаи дастаҷамъона ба роҳ монда шавад.
Дар иртибот ба мавзӯи баррасишаванда ва маърӯзаҳои шунидашуда, инчунин раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Содиқ Шоназаров таклифу пешниҳодоти худро баён намуданд.
Бо назардошти пешниҳодоти ироагардида таъкид карда шуд, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда паҳлӯҳои мухталифи мушкилоти мавҷуда дар сатҳҳои гуногун таҳлил ва барои рафъи монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Дар фарҷом, аъзои Маҷлиси миллӣ бо қабули қарор ва тавсияҳои дахлдор ба сохторҳои марбутаи давлатӣ аз ҳамагон даъват ба миён оварданд, ки дар татбиқи онҳо баҳри муваффақ шудан ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти ҳамоҳангу дастаҷамъонаро анҷом диҳанд.
Наврӯз Қурбонзода,
Ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ