Амонзода собиқ вазиронро ба ниҳолшинонӣ баровард (аксҳо)
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо собиқадорон ва кормандонаш дар шаҳри Душанбе ҳашари умумӣ баргузор кард. Тавре дар аксҳои нашрнамудаи вазорат дида мешавад, собиқ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода низ ниҳол мешинонад.
“Ин ҳашари ободонӣ дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар он беш аз 200 адад дарахтони сояафкану ороиши ва ҳамешасабз шинонида шуд. Ин ташаббус дар пайравӣ аз иқдоми наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбе – пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳандозӣ шуда, баҳри сарсабз намудани пойтахти мамлакат дар ҳар гӯшае дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида мешавад. Дар маъракаи мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ ва собиқадорони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз ҷумла вазирони собиқ низ иштирок намуданд”-иттилоъ медиҳад вазорати мазкур.
Гуфта мешавад, ки дар доираи чорабинии мазкур ба поси заҳматҳои шоиставу мондагори собиқадорони соҳа, аз ҷумла аз номи Шукурҷон Зуҳуров, Худойбердӣ Холиқназаров, Рафиқа Мусоева, Маҳмадшо Илолов, Зокирҷон Вазиров (руҳашон шод бод), Маҳмадаминов Маҳмадамин, Абдусаттор Ҷабборов, Қиматгул Рустамова, Юлдош Шокаримов, Бек Қурбонов, Амирхон Сафаров, Дурсултон Шоназирова, Алишер Ёрбобоев, Абдусамад Шеров, Адолат Узоқова, Амонулло Ҳасанов, Маҳмуд Қосимов, Субҳониддин Ашӯров, Баҳриддин Ҷабборов, Сумангул Тағойзода, Ҷабборзода Гулру, Эмин Сангинзода, Темур Табаров, Мирзозода Абдусалом ва дигар собиқадорони соҳа дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ