Нархи роҳкиро дар Душанбе гарон шуд
Нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе боло рафт. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ додаанд, ин иқдом бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирони воситаҳои нақлиёти мусофирбари коммуналӣ ва дар ин замина беҳтар гардонидани даромаднокии корхонаҳои нақлиётии пойтахт ба роҳ монда шудааст.
Тибқи ин қарор, ба арзиши тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона» чунин тағйиру иловаҳо ворид гардидааст: Тарофаи «Нимсола»-и категорияи хонанда — 150 сомонӣ, донишҷӯ — 200 сомонӣ, шаҳрванд — 300 сомонӣ; Тарофаи «Солона»-и категорияи хонанда — 200 сомонӣ, донишҷӯ — 350 сомонӣ, шаҳрванд — 500 сомонӣ.
Гуфта мешавад, ки дастрас намудани кортҳои пластикии дорои тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона» ихтиёрӣ буда, бе назардошти пардохти фарқияти тариф аз ҳисоби буҷет роҳандозӣ карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ