Ширин Амонзода: нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ роҳи ҳалли худро меёбад…

Масъалаи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ мавзӯест, ки солҳо онро мақомоти Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мекунанд
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ гуфт.
Масъалаи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ мавзӯест, ки солҳо онро мақомоти Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мекунанд.
Ба гуфтаи вазир, ниҳоят он феълан дар шакли лоиҳаест, ки то охири ҳамин сол бояд ба тасвиб расад.
«Таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ масъалаест, ки аллакай дар баррасӣ Агентии нафақа қарор дорад ва яке аз лоиҳаи санадҳоест, ки то охири ҳамин сол бояд ба тасвиб расад», — гуфт Амонзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *