Ёдгорӣ: Лимит нест, таъмир идома дорад…
Аз аввали моҳи равон дар сар то сари ҷумҳурӣ мардум аз хомӯш шудани барқ шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, ки дар аксари ноҳияҳо барқ аз соати 6-и субҳ то 17 –и бегоҳ барқ дода намешавад.
Сабаб чист, ки баъд аз ба кор даромадани ду чархаи бузургтарин НОБ-и Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз камбуди барқ эҳсос мегардад? Магар боз реҷа барқарор шуд?Хабарнигори Pressa.tj бо ин савол ба сухангӯи “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ муроҷиат намуд.
-Не ягон хел реҷа нест, танҳо таъмир рафта истодааст ва дар рӯзҳои наздик он ба охир мерасад. Обанборҳо пури об, ва реҷа нест. Аммо барои он ки дар зимистони сард таҷҳизоти барқӣ корношоям нашаванд, ҳозир онҳоро таъмир кард истодаанд. “Наход дар сар тосари ҷумҳурӣ зеристгоҳҳо баробар таъмир шаванд?”- пурсиши худро идома медиҳем. ”Бале, зеро зеристгоҳҳои бузурги таъминкунандаи барқ, ба мисли зеристгоҳи Айнӣ ва дигар зеристгоҳҳо таъмир шуда истодаанд, барои ҳамин маҳдудияти барқ дар ҳама ҷо мавҷуд аст, аммо муваққатист ва рӯзҳои наздик ин маҳдудиятҳо барҳам мехуранд…”
(Дар бораи камбуди барқ ва сабабу паёмадҳои он дар шумораи навбатии “Тоҷикистон” мақоларо хонед)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ