Ҳикмати Рамазон ва аркони рӯза

Рӯза ин имтиҳон аст. Агар шумо солим ҳастед ва қобилияти гирифтани онро доред, новобаста аз маҳали будубош ва шароити кор бояд, аз ин имтиҳон гузаред.

Суҳбати рамазонӣ бо Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода 

Чун рӯза яке аз рукнҳои асосии  дини ислом аст, мардуми мусалмон ба он арҷ мегузоранд ва тӯли як моҳ рӯза медоранд. Аммо на ҳама бо аркони рӯза ошноӣ доранд ва дар муддати ин моҳи шариф суолҳои зиёде дар зеҳни рӯзадорон пайдо шуда, шояд дар бисёр маврид ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Бинобар ин, дар моҳи шарифи Рамазон ба идораи мо аз ҷониби хонандагон даҳҳо суол ворид шуд, ки ба онҳо рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода посух гуфтанд. Фишурдаи пурсишу посухҳо пешкаши шумо мегардад.

-Оё рӯзаи пайравони мазҳаби ҳанафӣ аз дигар мазоҳиб фарқе дорад?

Ҷамолиддин, н. Рашт

-Фарқе надорад. Рӯза — тарк кардани хӯрдан, нӯшидан ва дигар корҳоест, ки шариат онро манъ кардааст. Ҳамчунин, аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб алоқаи ҷинсӣ байни зану шавҳар ҷоиз нест.

-Аз назари шариат зан бояд ҳамеша ба шавҳараш итоат намояд. Дар моҳи Рамазон, рӯзона ба хотири нашикастани рӯзааш зан хоҳиши мардро дар мавриди ҳамхобагӣ рад кунад, гунаҳкор мешавад?

Шоиста, н. Нуробод

 -Не, гунаҳкор намешавад. Зан ҳуқуқ дорад, ки ба хотири кафорат нашудан хоҳиши шавҳарашро рад кунад. Дар ҳадисҳо омадааст, ки мард зани худро ҳақ дорад, дар вақти рӯзадорӣ ламс кунад, вале беҳтар аст, ки аз ин кор низ дурӣ ҷӯяд. Дар сурати алоқаи ҷинсӣ ба болои ҳам мард ва ҳам зан кафорат ҷорӣ мешавад ва ду моҳу як рӯз рӯза доштан фарз мегардад.

— Ман дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия мебошам. Инак, моҳи Рамазон ҳам омад, аммо дар Санкт-Петербург давомнокии рӯз 19-20 соат асту корамон ҳам вазнин. Оё шариат иҷоза медиҳад, ки мо ин ҷо рӯза нагирему рафта, онро дар қазоӣ дорем.

Муродҷон, муҳоҷир аз Санкт-Петербург

-Рӯза ин имтиҳон аст. Агар шумо солим ҳастед ва қобилияти гирифтани онро доред, новобаста аз маҳали будубош ва шароити кор бояд, аз ин имтиҳон гузаред. Худованд мегӯяд: «Мо рӯзаро бар шумо фарз гардонидем» ва фарзро намешавад бо баҳона тағйир дод. Муҳоҷирон дар хориҷи кишвар низ бояд рӯза бигиранд.  Ин тавр нест, ки тобистон гарм асту зимистон сард аст, гуфта шахс аз рӯза даст кашад. Шумо дар гармии тобистон, дар рӯзҳои тӯлонӣ рӯза бигиред, азоб кашед, Худованд подошашро ба шумо хоҳад дод.

-Ба шахсе, ки намози панҷвақтаро намегузорад, хондани намози таровеҳ равост?

Ниёз Сатторов, н. Айнӣ

-Намоз дар баробари рӯза яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом аст. Намоз аст, ки инсонро аз корҳои бад дур нигоҳ медорад. Мусулмон бояд мусулмони мавсимӣ набошад.  Намоз бар асоси таълимоти ислом назди Худованд мартаба ва ҷойгоҳи бузурге дорад ва аз ҳар ибодати дигаре азизтар ва маҳбубтар аст. Он барои инсон меъроҷи маънавӣ, тулӯъгоҳи рӯҳӣ, созандаи ҷавҳари шахсият ва такомулдиҳандаи истеъдодҳои фитрӣ мебошад.

Худованд панҷ вақт намозро бар бандагонаш фарз гардонид ва бандаи намозгузор дар пешгоҳи ӯ ҷойгоҳи хос ва аҷру савоби бисёре ба даст хоҳад овард. Бинобар, ин намозро на фақат дар моҳи Рамазон, балки дар ҳамаи ҳолат бояд мусалмон  бихонад. Намози таробеҳ аз ҷумлаи суннатҳоест, ки иҷро кардани он аҷру подош дорад.

-Дар сурати босавод будани зан дар ҷамоате, ки он ҷо мард ҳам бошад, ӯ метавонад имоматӣ кунад?

Соҳиба, ш. Бӯстон

-Не, зеро дар сурати будани мард, зан ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи  имоматиро надорад. 

-Таробеҳ намози ҷамоат аст. Занҳо бояд чӣ гуна онро адо намоянд?

Заъфарон, ш. Кӯлоб

 -Барои занон низ гузоштани намози таробеҳ иҷозат дода шудааст. Занҳо имоми худро бояд аз байни худ интихоб кунанд ва бигзор дар хонаашон намози ҷамоа хонанд. Аммо дар масҷид бо мардон омехта нашаванд, зеро ҳазрати Умар (р) монеи омадани занҳо дар масҷид шуданд.

-Мабодо дар вақти саҳархӯрӣ хоб монем ва 10 ё 20 дақиқа дертар аз вақти муайяншуда нияти рӯза кунем, он қабул аст?

Нисо, ш. Душанбе   

-Пайғамбари Худо (с) таъкид кардаанд, ки саҳархӯрӣ кунед, зеро дар он баракат аст. Вақте инсон дар хоб мемонад, агар бинад, ки азонро нагуфтаанд, як пиёла об, барои савоби саҳархӯрӣ нӯшад. Раваду баъди офтоб баромадан бедор шавад, дар дил ният кунад, кофӣ аст.

Таҳияи О.СОҲИБЗОДА

Матлаби комил дар нашрияи “Тоҷикистон” чоп мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *