Икром Субҳонзода: Зарари мусофирон ҷуброн мешавад

Икром Субҳонзода , директори Агентии авиатсисияи граждании Тоҷикистон сабаби ба таъхир афтодани парвозҳои мунтазам аз Душанбе ба Маскавро шарҳ дод.

Дар посух ба саволи он ки чаро парвози мунтазами нахустини «ЮтЭйр»  дар масири Душанбе–Москва шаби 3 апрел ба таъхир афтод, Икром Субҳонзода гуфт, ки ин  аз ҷониби Россия сурат гирифтааст.

«Сабабаш  ба Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия  ворид нагардидани тағйирот  доир ба оғози парвозҳои мунтазами ҳавоии Россия бо шаш давлат, аз ҷумла, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Германия, Венесуэла, Сурия  ва Шри-Ланка, мебошад, ки тибқи он бояд бо ин кишварҳо аз 1 апрел Россия парвозҳои мунтазам оғоз менамуд»,- гуфтааст Субҳонзода ба  АМИТ «Ховар».

Номбурда гуфтааст, тамоми мусофироне, ки мебоист шаби 3 апрел тавассути ҳавопаймои ширкати русии  «ЮтЭйр» аз Душанбе ба Москва парвоз мекарданд, имкон доранд бидуни ягон монеа 9 апрел тавассути ҳавопаймои ин ширкат аз Душанбе ба Москва парвоз намоянд.

Роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми мусофироне, ки парвозашон ба 9 апрел дар хатсайри Душанбе –Москва ба таъхир гузошта шудааст, хоҳиш намудааст, ки ба ҳар гуна овозаю дасиса дода нашаванд, парвози онҳо ҳатман 9 апрел бидуни ягон мушкилот ва монеа сурат гирифта, хароҷоти мусофирон  ҷуброн мегардад.

Ёдовар мешавем, ҷониби Русия санаи 25 марз аз кушодашавии марзаш бо Тоҷикистон хабар дод ва барои иҷрои парвозҳои мунтазам ба ширкатҳои «ЮтЭйр» ва «СомонЭйр» иҷозат дод. Қарор буд нахустин парвози деринтизори мунтазам шаби гузашта доир мешуд, аммо нашуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *