Илҳомҷон Атоев: Дар ду соли охир нархи интернет гарон нашудааст
Дар назар аст, ки масъалаи поён бурдани нархи интернет ҳалли худро ёбад. Ин нуктаро Илҳомҷон Атоев — муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз баргузор гардид, қайд намуд.
Дақиқ гуфта нашуд, ки нархи интернет кай арзон мешавад. «Дар ду соли охир нархи интернет гарон нашудааст»,- гуфт Илҳомҷон Атоев.
Ин дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз гаронии нархи интернет ва сифати пасти он шикоят мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ