Илҳомҷон Оймуҳаммадзода: Барои омода шудани як геологи ҳақиқӣ 15 сол лозим аст

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон  гуфт, ки барои омода шудани як нафар ҳамчун геологи ҳақиқӣ зиёда аз 15 сол лозим аст, то мутахассиси баландихтисос шавад.

Ӯ ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба норасоии кардҳои соҳаи геологӣ баён дошт.

Ба таъкиди Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, дар нимсоли аввали соли равон 35 нафар донишҷӯ барои таҷрибаомӯзӣ ба Саридораи геология муроҷиат намудаанд, аммо барои тайёр кардани онҳо ҳамчун мутахассиси баландихтисос вақт лозим аст.

Ба навиштаи АМИТ «Ховар», Илҳомҷон Оймуҳаммадзода гуфт, ки барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ онҳо мутахассисони хориҷиро ҷалб намекунанд. Корҳои омӯзиши геологиро дар мамлакат ҷавонони Саридораи геология амалӣ менамоянд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Саридораи геология ҷавонон барои таҳсил ва омӯзиш ба хориҷа сафарбар мегарданд. Онҳо дар хориҷи мамлакат ихтисосҳоеро мавриди таҷрибаомӯзӣ қарор медиҳанд, ки ба геологияи ҷаҳонӣ ва самти рақамикунони соҳа равона гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *