Илҳом –миллионер дастгир шудааст?
Зидди раҳбари ширкати машҳури «Тамер ИНБ” Илҳом Шарбатов, маъруф бо лақабҳои «Илҳоми Ботрободӣ” ва «Илҳоми миллионер” бар асоси ду моддаи 246 (тасарруфи қарзи банк) ва 237 (авбошӣ) дастгир парванда кушодаанд.
«Ахбор” иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 23 октябр мақомоти интизомии Тоҷикистон ба зидди Илҳоми Ботрободӣ — Илҳом Ҳотамович Шарбатов, муассиси ширкати як замон дар бозори фурӯши пахтаи Тоҷикистон пештози «Тамер ИНБ” бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ – 246 (тасарруфи пулу молӣ ба тариқи кредит додашуда) ва 237 (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Манобеи «Ахбор” мегӯянд, Илҳом Ҳотамов, ки бо лақабҳои лақабҳои «Илҳом -Командир”, «Илҳоми Ботрободӣ” ва «Илҳоми миллионер” маъруф аст, рӯзи 21 октябр боздошт шудааст. Тафтиши парвандаи ӯро ҳам мисли парвандаи раҳбарони ширкати «Умед-88” Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон пеш мебарад.
Ҷузъиёти дигари парвандаи Илҳом Ҳотамов эълон нашудааст ва маълум нест, ки оё парванда ба сабаби қарзҳои бузурги Илҳоми Ботрободӣ ва ширкати «Тамер ИНБ” аз бонкҳост ваё дар робита ба обу лой кардани пулҳои сохтмони нирӯгоҳи Роғун?
Мақомот расман дар бораи боздошт шудан ё нашудани Илҳом Ҳотамов ва парванда доштани ӯ ҳанӯз расман шарҳе надодаанд. Вале агар ин хабар воқеият дошта бошад, чунин ба назар мерасад, мубориза бо фасод ва тасарруфи амволи давлатӣ ва қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон, ки то кунун бо шикори моҳичаҳои хурд маҳдуд шуда буд, ба як сатҳи наву баландтар пой мегузорад ва акнун шикори наҳангҳои бузургтар дар ҳоли шурӯъ шудан аст.Илҳоми Ботрободӣ зодаи деҳаи Ботрободи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон буда, дар солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000 яке аз тоҷирони раддаи аввал дар бозори фурӯши пахтаи Тоҷикистон буд. Исми ширкати «Тамер ИНБ”-и Илҳом Ҳотамов дар ҷараёни таҳқиқи обу лой шудани 800 миллион доллар пули кумак ба хоҷагиҳои пахтакор, ки ба як ҷанҷоли бузурги молиявӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Сандуқи байналмилалии пул овард, низ дар ҷумлаи ширкатҳои баҳрабурда аз он схемаи тақаллубҳои иқтисодӣ зикр мешуд.
Дар гузориши ниҳоии ширкати байналмилалии «Ernst & Young”, ки бо дархости Сандуқи пул он қазияро таҳқиқ кард, ҳатто гуфта мешуд, ки намояндагони «Тамер ИНБ” талош кардаанд, то бо аудитори «Ernst & Young” забон биёбанд ва ӯ онҳоро «выручать” карда, аз ин вазъият барорад.
Баъди анҷоми ин аудит, моҳи марти соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон бо имзои президент Эмомалӣ Раҳмон қароре баровард, ки бар асоси он замони пардохти 7 миллиону 412 ҳазору 180 сомонӣ қарзи «Тамер ИНБ” аз идораи андоз то 1 январи соли 2013 қафо партофта шуд.
Таҳқиқи асноди Кумитаи андоз нишон медиҳад, ки исми худи «соҳибкори инфиродӣ Илҳом Шарбатович Ҳотамов, <span «,sans-serif;mso-ascii-theme-font:minor-latin;=»» mso-fareast-font-family:calibri;mso-fareast-theme-font:minor-latin;mso-hansi-theme-font:=»» minor-latin;mso-bidi-font-family:arial;mso-bidi-theme-font:minor-bidi;=»» «=»»>(<span «,sans-serif;=»» mso-ascii-theme-font:minor-latin;mso-fareast-font-family:calibri;mso-fareast-theme-font:=»» minor-latin;mso-hansi-theme-font:minor-latin;mso-bidi-font-family:arial;=»» mso-bidi-theme-font:minor-bidi;mso-ansi-language:tg;mso-fareast-language:en-us;=»» «=»»>РМА: <span «,sans-serif;mso-ascii-theme-font:minor-latin;=»» mso-fareast-font-family:calibri;mso-fareast-theme-font:minor-latin;mso-hansi-theme-font:=»» minor-latin;mso-bidi-font-family:arial;mso-bidi-theme-font:minor-bidi;=»» «=»»>395034553, РЯМ:<span «,sans-serif;mso-ascii-theme-font:minor-latin;=»» mso-fareast-font-family:calibri;mso-fareast-theme-font:minor-latin;mso-hansi-theme-font:=»» minor-latin;mso-bidi-font-family:arial;mso-bidi-theme-font:minor-bidi;=»» «=»»>3930004119)” низ чандин бор ҳамчун «андозсупорандаи бемасъулият” ба рӯйхати сиёҳи ин кумитаи шомил карда шуда, бори охир тоза рӯзи 19 октябри соли равон аз ин рӯйхат берун оварда шудааст.
Аммо дар зодгоҳаш – шаҳри Сарбанд ва ҳамин тавр, дар Қӯрғонтеппа Илҳоми Ботрободӣ ҳамчун як соҳибкори дасткушод ва маъруф аст. Ин аксҳои раҳбари ширкати «Тамер ИНБ” низ аз як маросими тӯйи дастаҷамъонаи арӯсу домодҳо аз хонаводаҳои фақир аст, ки Илҳом Ҳотамов дар Сарбанд доир карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ