Илм ё вазифа. Президент “Диссернет”-шудаҳоро интиқод кард

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 март дар мулоқот бо олимон тартиби нави унвонгирӣ миёни мақомдоронро ҷорӣ намуд.

Сарвари давлат гуфт, солҳои охир шахсоне, ки дар соҳаҳои ғайриилмӣ фаъолият карда, дар вазифаҳои масъул роҳбар мебошанд, аз рӯи ихтисосҳои аз самти фаъолияташон дур рисолаҳои илмӣ таълиф карда, бе навбат ҳимоя мекунанд ва соҳиби дараҷаҳои илмӣ мегарданд. “Вобаста ба ин, дастур медиҳам, ки чунин шахсон аввал ариза навишта, аз вазифаҳояшон озод карда шаванд, сипас ба корҳои илмӣ машғул шуда, рисолаҳояшонро дар доираи талаботи мавҷуда ҳимоя намоянд”, — таъкид кард Президент. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, минбаъд аъзои Ҳукумат, муовинони онҳо, вакилони мардумӣ, дигар шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ баъди дар асоси хулосаи муассисаи илмӣ навиштани ариза ба унвони Роҳбари давлат ба навиштани рисолаи илмӣ ва ҳимоя иҷозат дода мешаванд. “Агар шахсони мансабдор хоҳиши иштирок дар озмунҳои дарёфти унвонҳои узви вобаста ва узви пайвастаи академияҳоро дошта бошанд, аввал ариза навишта, аз вазифа озод мегарданд, ба муассисаҳои академӣ ё таълимӣ ба кор медароянд, баъдан барои иштирок дар чунин озмунҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд”, — илова намуд

Сарвари давлат. Ӯ таъкид кард, ки дар рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) ба мушоҳида мерасанд. “Имрӯз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рисолаҳои зиёд интишор мешаванд, баъзе унвонҷӯён аз онҳо рӯйбардор карда, бо роҳи осон мехоҳанд соҳиби дараҷаҳои илмӣ гарданд. Дар натиҷа ҳам сифати илми ватанӣ коҳиш меёбад, ҳам обрӯву эътибори унвонҷӯ ва роҳбараш дар миёни ниҳодҳои илмӣ паст мегардад. Ин “бемории” замони технологияҳои муосир буда, ба зеҳни олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо сироят карда истодааст”, -гуфт Президент. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, зиёда аз 40 нафар олимоне, ки дар пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд, онҳое мебошанд, ки рисолаҳои илмии худро дар шӯроҳои диссертатсионии марбут ба ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва педагогика дифоъ кардаанд. “Маълум мешавад, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд. Яъне ҷавонони мо ба таҳқиқи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зеро дар доираи илмҳои зикршуда омода кардани рисолаҳои илмӣ заҳмати ҷиддиву мунтазам, ҷустуҷӯҳои илмӣ, инчунин, корҳои озмоишӣ ва дониши мукаммалу бунёдиро талаб мекунад”, — гуфт Раҳмон. Ӯ таъкид намуд, бо чунин сабаб муҳаққиқони ҷавони мо худро аз таҳқиқи илмҳои бунёдӣ канор мегиранд ва ин аст, ки солҳои охир мо ягон кашфиёти илмии бунёдӣ, ки ҷавобгӯи талаботи ҷоизаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад, пешниҳод накардаем. Президент зарур хонд, ки бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) дар раёсатҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази миллии патент ва иттилоот харидорӣ ва насб кардани серверҳои пуриқтидор бо сабт ва нигоҳдошти рисолаҳои қаблан дифоъшуда ва мавзӯъҳои илмии таҳқиқшудаистода, инчунин, ташкил намудани шабакаи махсус дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мақсад мувофиқ мебошад. Ӯ аз олимони ҷавон даъват кард, ки ҳар як сарчашмаро шахсан мутолиа кунанд, бо тарзи таҳқиқи олимони дигар шинос шаванд ва баъдан хулосаҳои илмии худро дар рисолаҳояшон ҷамъбаст намоянд. “Бо дарназардошти ин, ба Комиссияи олии аттестатсионӣ, Академияи миллии илмҳо, Вазорати маориф ва илм, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дода мешавад, ки норасоиҳои зикршударо ҳарчи зудтар бартараф карда, фаъолияти шӯроҳои диссертатсиониро мунтазам мавриди омӯзишу таҳлил қарор диҳанд ва аз натиҷааш ҳар шаш моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат маълумоти хаттӣ ирсол намоянд”, — супориш дод Эмомалӣ Раҳмон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *