Ҳило Садиқӣ-Эрон

Гули пажмурда

Ҳаво боронӣ асту фасли пойиз,

Гулӯи осмон аз буғз лабрез.

Ба саҷда омада абре, ки ангор,

Шуда аз доғи тобистона сар рез.

Ҳавои мадраса бӯи алифбо,

Садои занг аввал маҳкаму тез.

Ҷазои хандаҳои бемуҷаввиз,

Ва шодиҳою тафреҳоти ночиз.

Барои навҷавониҳои мо буд,

Фуруди хашму тӯҳматҳои якрез.

Расида аввал он меҳри дарунам,

Пур аст аз лаҳзаҳои хотирангез.

Клоси дарс холӣ монда аз ту,

Ману гулҳои пажмурда сари миз.

Ҳавои пойизу борониам ман,

Даруни хашми худ зиндониам ман.

Чӣ фардои хушеро хоб дидем,

Тамоми нақшаҳо бар об дидем.

Чӣ давроне, чӣ рӯъёи убуре,

Чӣ ҷустанҳо ба думболи зуҳуре.

Ману ту насли бепарвоз будем,

Асири  панҷаҳои боз будем.

Ҳамон бозе, ки бо теғи сарангушт,

Ба пеши чашмҳои ман туро кушт.

Тамоми орзуҳоро фано кард,

Ду дасти дӯстимонро ҷудо кард.

Ту ҷом шукаронро сар кашидӣ,

Ба ногаҳ аз канорам пар кашидӣ.

Ба дона-дона ашки модарона,

Ба он андешаҳои ҷовидона.

Ба қатра-қатра хуни ишқи савганд,

Ба сӯзи синаҳои монда дар банд.

Дилам сад пора шуд бар хок афтод,

Ба қалбам аз ғамат сад чок афтод.

Бигӯ бигӯ он ҷо, ки рафтӣ шод ҳастӣ?

Дар он сӯи ҳаёт озод ҳастӣ?

Ҳавои навҷавони хотират ҳаст?

Ҳанӯзам ишқи меҳан дар сарат ҳаст?

Бигӯ он ҷо, ки рафтӣ ҳарзае нест?

Табартақдир сарву сабзае нест?

Касе дузди шуурат нест он ҷо?

Таҷовуз бар ғурурат нест он ҷо?

Хабар аз гӯрҳои бенишон ҳаст?

Садои зиҷаҳои модарон ҳаст?

Бихон ҳамдарди ман ҳам наслу ҳамроҳ,

Бихон шеъри маро бо ҳасрату оҳ.

Дубора аввали меҳр асту пойиз,

Гулӯи осмон аз буғз лабрез.

Ману мизе, ки холӣ монда аз ту,

Ва гулҳое, ки пажмурда сари миз.

***

 Гули Марям

Гули Марям! Танат дилтанги боғе,

Медунам қасри унҷо бечароғе.

Меган обу ҳавои қалбо сарде,

Гули ях рӯйи хокаш хона карде.

Тамоми лаҳзаҳо аз ҷинси санге,

Барои он диле, ки танги танге.

Гули Марям бубин! Роҳат чӣ давре,

Фазои хона бе ту суту кӯре.

Гузаштӣ аз ҳама, боре ту бастӣ,

Ғарибуна, як ҷойи нав нишастӣ.

Як ҷо, ки хеле борунӣ набоше,

Ҳамеша тарси вайрунӣ набоше.

Касе аз ҳасрати будан намире,

Касе ишқу аз оина нагире.

Як ҷое, ки нафас дузди нафас нест,

Ҷавоби ҳеҷ фарёде қафас нест.

Касе фикри фаромӯшӣ набоше,

Давои дарди беҳушӣ набоше.

Гули Марям! Агар абро сиёҳе,

Аз ин ҷо то баҳор, чанд кӯча роҳе.

Биё! Боғ аз ғам дурит намире,

Бубин! Боғи бидуни гул кавире.

Гули Марям биё! Решат чӣ мише?

Нагӯ сахте! Пас андешат чӣ мише?

Қафас, ки қадди озодӣ намише,

Восе тан, ҷуз ватан водӣ намише.

Биё! Дашти гуло ҳарза алафҳош,

Набоше гул, алаф мешина рӯ ҷош.

Гули Марям биё! Бо ҳам бисозем,

Хазон мире, ба сармо дил набозем.

Гули озода гулдунӣ намише,

Биё! Андеша зиндунӣ намише.

Биё! Бо ман бихон аз ишқу реша,

Ман ин ҷо, реша дар хокам ҳамеша.

هيلا صديقی-ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *