Илон Маск вориди сиёсат мешавад?
Доналд Трамп гуфт, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот мехоҳад Илон Маскро мушовири худ бубинад.
Ба навиштаи Reuters, Илон Маск дар посух гуфт, ки омода аст дар ҳукумати ИМА мансаби худро ишғол кунад ва акси худро дар паси минбар бо сарлавҳаи «Департаменти самаранокии ҳукумат» нашр кард.
Ёдовар мешавем, ки Маск аз рӯзҳои нахустини ба корзори интихоботӣ баромадани Доналд Трамп ӯро дастгирӣ ва рақиби ӯ Камала Ҳаррисро интиқод мекунад. Ҳафтаи пеш Маск гуфт, ки дар сурати президент шудани Ҳаррис ИМА метавонад дучори гуруснагии шадиду нобудӣ ҳамчун давлат шавад.
Маск паёми як коршиноси бахши молияро дар саҳифааш дар “Х” бознашр кард, ки агар Ҳаррис ба иҷрои барномаи худ барои маҳдуд кардани нархи ғизо шурӯъ кунад, кишварро гуруснагӣ фаро мегирад, зеро саноати хӯрокворӣ хароб мешавад.
Ҳаррис гуфт, нақша дорад, ки дар шароити афзоиши таваррум манъи болоравии нархи ғизоро ҷорӣ кунад. Ӯ афзуд, ширкатҳоеро, ки «аз буҳрон истифода мебаранд, «ҷарима мекунанд ва ба шаҳрвандоне, ки бори аввал манзил мехаранд, 25 ҳазор доллар медиҳанд”.
Ҳамчунин, ҳафтаи гузашта Трамп бо Маск мусоҳиба орост.
Илон Маски 53-сола, ки молики ширкатҳои “SpaceX”, “Tesla”, “The Boring Company”, “Neuralink и OpenAI” ва “Twitter (X)” мебошад, сарватмандтарин фарди сайёра буда, дороии ӯ надики 300 млрд доллар арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ