Илтиҷо мекунам, маро парронед!

Додгоҳ Усмоновро ба 24 соли зиндон маҳкум кард, ки аз он панҷ соли аввал дар зиндон ва боқимонда дар колонияи низомаш сангин паси сар мегузаронад”, — гуфтааст манбаъ. Вале, худи Усмонов ки аз ин ҷинояти сангину нангинаш пушаймон шуда буд, дар сухани охиринаш аз додгоҳ  хостааст, ки ӯро ба марг маҳкум кунанд. Аммо

Додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 27 октябр шаҳрванди Тоҷикистон Ҷасурҷон Усмоновро дар қатли Виктория Борковская, дотсенти Донишгоҳи иқтисодии Русия (РЭУ) ба номи Плеханов ва модараш гунаҳкор донист ва ӯро ба 24 соли зиндон маҳкум кард.

 «Додгоҳ Усмоновро дар куштори ду нафар, сӯиқасд ба куштори ноболиғ ва ғоратгарӣ гунаҳкор донист.

Додгоҳ Усмоновро ба 24 соли зиндон маҳкум кард, ки аз он панҷ соли аввал дар зиндон ва боқимонда дар колонияи низомаш сангин паси сар мегузаронад”, — гуфтанд дар додгоҳи вилояти Маскав. Худи Усмонов дар сухани охиринаш аз додгоҳ  хостааст, ки ӯро ба марг маҳкум кунанд. Аммо Русия муддати тӯлонӣ барои қатл ва иҷрои ҳукми қатл мораторий ҷорӣ кардааст.

Қатли ду зани пурсарусадо дар яке аз хонаҳои шарикии боғ дар деҳаи Клушинои наздикии Солнечногорск шоми 7 ноябри соли 2020 содир шудааст. Ҷасурҷон Усмонов ба соҳибхонаҳо дар сохтани қабати сеюми  хиштӣ аз болои ду қабати чубини хонаашон ёрӣ расонд. Ва сохтмон ба охир расиду  аммо ҳақмузди заҳмати ӯро надоданд.

Дар ҷараёни бозпурсӣ Усмонов ба кушторҳо иқрор шуда, иддао кардааст, ки корфармоёнашро ба далели 20 ҳазор рубле, ки соҳибони хона ба ӯ надодаанд, куштааст. Усмонов зимни бозпурсӣ иқрор шуд, ки шоми 7 ноябр барои маошаш омад ва дар даст корд  дошт. Вай аввал зани 67-соларо, ки бо баҳонаи сифати пасти корҳои анҷомдодашуда худдорӣ кардаву аз пардохти музди ӯ сарпечӣ карда буд, куштааст.

Қурбони дуюми ӯ дотсенти Академияи иқтисодии ба номи Плеханов  Виктория Борковскаяи 44-сола буд, ки садои фарёди модарашро шунида, давида ба назди модараш омад. Ва Ҷасурҷон фурсатро аз даст надода кордро ба шиками ӯ зад ва аз зарбаҳои пайдарпай занак ба замин афтоду гирду атроф пур аз хун шуд. Хашму ғазаб чунон боло гирифта буд, ки дигар Ҷасурҷон ҳич чизро дарк намекард. Ӯ барои интиқом шуда ҳатто духтарчаи 6-солаи омӯзгорро бо корд задааст.

Дар натиҷа духтарча аз қафаси сина ва гарданаш захмӣ шуд, вале бахташ баланди када, зинда монд ва соати 21:50 тавонист рақами телефони дугонаи модарашро  чида ба ӯ сим занад. Духтар гирён ба дугонаи модараш гуфт, ки  аз бибию модараш хун мерезанд ва худаш низ захмӣ шудааст. Кӯдак аз шиноси модараш хоҳиш кард, ки бо худ  бинт биёрад. Дӯсти модараш фавран полис ва ёрии таъҷилиро даъват кард.

Мақомот Виктория Борковскаяи 44-сола ва модари 67-солаи ӯ ва ҳамчунин духтари 6-солаи омӯзгорро, ки аз қафаси сина ва гардан захмӣ шуда буд, шоми 7 ноябр дар манзилашон дар деҳаи Клушинои ноҳияи  Солнечногорск пайдо карданд.  

Пас аз ду рӯз, шаби 10 ноябр, гумонбар дар куштори онҳо дар ҳудуди як манзили сохташуда дар яке аз рустоҳои ноҳияи Дмитровскии вилояти Маскав боздошт шуд. Зимни кофтукови манзили ӯ коршиносони додгоҳӣ пойафзоли ӯро бо осори хун ва ҳамчунин ҷое, ки ӯ гӯё либосеро, ки ҳангоми куштор дар тан дошт сӯзондааст, пайдо кардаанд.

 Наворҳои видеоии дурбинҳои назоратӣ нишон медиҳанд, ки шахс кӯшиш мекунад, ки таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб накунад, то  кроссовкиҳои хунолудашро набинанд. Ӯ ба дӯстонаш гуфт, ки пас аз ҳисоббаробаркунӣ ба Тоҷикистон рафтанӣ аст. Аммо…бо изи хун тақдири бадашро дар саҳифаи ҷиноткорӣ навишту 24 солро дар кунҷи зиндон барои худ ноил шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *