Илтиҷои Марям Исоева: Ба ман парастор диҳед, пулашро медиҳам!

Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки бо нишонаҳои короновирус дар бемористони бемориҳои сироятӣ бистарӣ аст, дар як тамоси телефонӣ ба хабарнигори pressa.tj гуфт, ки дар бемористон ба парастор ниёз дорад.

“Ман хеле азият мекашам. Ҳамшираҳо сӯзандору гузаронида зуд баромада мераванд, ба ман касе нигоҳ намекунад. Илтиҷо мекунам, ки ба ман парастори алоҳида диҳанд, ки ман мемурам. Дар ин ҷо аз бетаваҷҷуҳӣ маро мекушанд” – гуфт, Марям Исоева.
Марям Исоеваи 84 сола мегӯяд, ки “ман аз бемории короновирус не, аз бетаваҷҷуҳӣ азият мекашам. Гоҳо фарёд мезанам, ки касе наздам ояд, гоҳи дигар бо қошуқ ба стол мекӯбам, ки доди маро шунаванд”.
Ҳунарманд мегӯяд: “Илтиҷо мекунам, хоҳиши маро ба мақомот расонед, ба ман парастори алоҳида бидиҳанд. Маблағашро худам медиҳам. Фақат иҷозат диҳанд, ки маро касе нигоҳубин кунад ва ман дар бемористон, дар танҳоӣ намирам.”
Дар идомаи суҳбат Марям Исоева телефонро ба яке аз ҳамшираҳо дод. Ҳамшира вазъи саломатии ҳунарпешаро муътадил арзёбӣ карда гуфт “ҳар чӣ аз дастамон ояд, кардаистодаем”.
Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 84 сол дошта, беш аз як ҳафта аст, ки дар Бемористони бемориҳои сироятӣ (махаллаи Зарафшон)бо нишонаҳои короновирус бистарӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *