Илтиҳоби шуш, 21,5% аз ин беморӣ фавтидаанд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода Хоҷа зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш дастовардҳои вазоратро чашмрас арзёбӣ кард:

“Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ як қатор дастовардҳо дар соҳаи тандурустӣ  ба чашм мерасад. Дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”,  шуъбаи пайвандсозии мағзу устухон  ба фаъолият оғоз намуда, ки аллакай ду бемор ҷарроҳӣ карданд” мегӯяд номбурда.

Дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон то имрӯз 306 бемор амалиёти пайвандсозии гурда, 19 нафар бемор ҷарроҳи пайвандсозии  ҷигар  гузаронида шуд.  Дар сатҳи ҷумҳурӣ фавти кӯдакони то 5 — сола 17,5 дарсадро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 3,2 фоиз камтар мебошад.  Дар шаҳру ноҳияҳои атрофи Душанбе, аз ҷумла шаҳри Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ нисбати ин масъала тафтишот гузаронида шуд ва муайян гардид, ки сабабҳои фавти кӯдакони то 1 — сола бемориҳои роҳҳои нафас, яъне илтиҳоби шуш -21,5 %, бемориҳои сироятӣ -20, 1%, нуқсони бемориҳои модарзодии инкишоф- 19, 1 %, ҳамчунин дар ин миён кӯдакони норасид, бемориҳои асаб, осебҳо низ дохиланд.

Барои паст кардани сатҳи кӯдакони носолим занҳои ҳомила аз ташхиси фаросавтӣ гузаронида мешаванд. Бо мақсади барқарор сохтани солимии кӯдакони маъюб дар машваратгоҳҳои психологӣ-тиббӣ- педагогии вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе 1822 кӯдак аз муоинаи тиббию иҷтимоӣ  мутахассисон гузаронида шуда, бо барномаҳои тавонбахшӣ ҷалб карда шуданд.

М. Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *