ИМА: ҳамла ба Саудӣ «амали ҷангӣ» аст
Майк Помпео, котиби давлатии ИМА ба маҳзи вурудаш ба пойтахти Арабистони Саудӣ дар рӯзи чаҳоршанбеи 18 сентябр гуфт, ҳамлаи бесарнишинон ва мушакҳо ба бузургтарин иншооти полоиши нафти шоҳигарӣ «амали ҷангӣ» аст.
Арабистони Саудӣ хабар дод, иттилои комилу раднашавандае дорад, ки собит мекунад, ҳамла аз ҷониби Эрон сармоягузорӣ шудааст. Дар Риёз боқимондаҳои мушакҳо ва бесарнишинонеро ба рӯзноманигорон нишон доданд, ки дар Эрон сохта ва дар ҳамлаи рӯзи якшанбе истифода шуда буданд. Вале Саудӣ Теҳронро мустақиман дар партоби мушак ва бесарнишинон айбдор накард.
Ин дар ҳолест, ки Эрон даст доштанашро дар ҳамла рад ва ИМА-ро огоҳ мекунад, ки дар сурати ҳамла шудан ба хокаш ба таври фаврӣ посухи ҳамсон хоҳад дод.
Ҳамлаи шаби якшанбе ба иншооти нафтӣ дар шарқи Арабистони Саудӣ истихроҷи нафтро дар он кишвар якбора ним баробар кам кард.
Сарфи назар аз маҷмуи ҳуҷҷату далелҳо дар бораи эҳтимоли даст доштани Эрон дар ҳамла, президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки тасмим надорад, фавран ба ҳамлаи ҳампаймононаш посухи низомӣ диҳад.
Пештар аз ин масъулияти ҳамларо гуруҳи низомии ҳусиҳои Яман ба дӯш гирифт, ки ҳоло сари қудрат аст. Ин гуруҳ аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ