ИМА додани визаро дар Туркманистон қатъ кард
Консулгарии ИМА дар Туркманистон қабули санадҳоро барои дарёфти раводид (виза)-и муҳоҷиративу ғайримуҳоҷиратӣ ва оид ба масоили марбут ба шаҳрвандони Амрико қатъ кардааст. Дар ин бора сомонаи сафорат хабар додааст.

«Ба маълумоти шумо мерасонем, ки консулгарии ИМА дар шаҳри Ишқобод аз 29 июл то 12 августи соли равон дар робита ба дарёфти раводиди муҳоҷиративу ғайримуҳоҷиратӣ ва масоили марбут ба шаҳрвандони Амрико ҳеч гуна санадеро қабул намекунад. Шаҳрвандони ИМА, ки дар ҳолати изтирорӣ қарор доранд, ба таври истиноснӣ қабул карда мешаванд», — омадааст дар иттилоияи сафорати ИМА аз 9 июл.
Бар асоси иттилоия, консулгарии ИМА дар Ишқобод фаъолияти худро аз 13 августи соли равон аз сар хоҳад гирифт. Сабаби қатъи муваққати фаъолияти он гуфта нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ