ИМА хориҷ шудани Русияро аз Созмони Милал талаб дорад. Оё ин мумкин аст?
Хадамоти тадқиқоти Конгресси ИМА барои вакилони парлумон дар бораи вокуниши эҳтимолии СММ ба амалиёти вижа дар Украина шарҳи мухтасар омода кардааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, бархе аз кишварҳои ширкаткунанда метавонанд узвияти Русия дар СММ-ро ба чолиш бикашанд.
Хадамоти пажуҳишҳои Конгресс бар ин назар аст, ки гӯё монеъ шудан аз ҷониби Русия ба амалҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид «ба далелҳо дар бораи он, ки ҳуқуқи вето ба принсипҳои созмон чандон мувофиқат намекунад», такони нав додааст. Таҳлилгарон пешниҳод мекунанд, ки дар ин замина шояд пешниҳодҳо барои бознигарии нақши аъзои доимии Шӯрои Амният ва ҳамчунин чолиш ба ширкати Русия дар ин созмон вуҷуд дошта бошад.
«Теъдоди афзояндаи кишварҳои узв метавонанд ширкати Русия дар ҷаласаҳои Шӯрои Амният ва овоздиҳӣ дар бораи буҳрон (дар Украина), инчунин иштироки идомаи он ва узвияти он дар Созмони Милали Муттаҳидро зери шубҳа гузоранд»,- омадааст дар шарҳ.
Дар баробари ин, Хадамоти тадқиқотӣ қайд кардааст, ки мақомоти ИМА дар ташаккули сиёсат дар системаи СММ нақши муайян доранд.
Аз ҷумла, Конгресс маблағгузорӣ, намояндаҳоро тасдиқ ва иштироки ИМА-ро назорат мекунад. Ҳокимияти иҷроия дар навбати худ сиёсати Вашингтонро дар форумҳои ташкилоти умумиҷаҳонӣ муаррифӣ кардаву ба амал мебарорад. Таҳлилгарон таъкид карданд, ки дар оянда вакилони Конгресс имкон хоҳанд дошт, то аз СММ даъват кунанд, ки «ба таври муассир ба авзоъ дар Украина расидагӣ кунад ва қабули қарорҳои дахлдорро назорат барад».
Русия яке аз панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти СММ дар баробари ИМА, Чин, Бритониё ва Фаронса мебошад. Тавре Виктория Федосова, муовини директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва пешгӯии RUDN, узви шӯрои сиёсии MGER дар мусоҳиба бо RT шарҳ додааст, дар оинномаи СММ механизми хориҷ кардани иштирокчиёни дорои чунин мақом вуҷуд надорад.
«Ҳуқуқи вето ва мақоми доимӣ мавҷуд аст, ки дар оиннома сабт шудааст. Ҳар як тағйирот дар уставро бо розигии ҳамаи аъзои доимии Совети Амният на танҳо дар сурати мавҷуд будани овозҳои пулакӣ ё шантаж кардан мумкин аст. Он гоҳ Чин бояд хориҷ карда шавад, СММ бояд расман пароканда карда шавад ва онро бо G7 ва клуби манфиатҳои Амрико баробар кунад»,- гуфтааст Федосова дар шарҳи вазъият.
Дар авоили моҳи феврал намояндаи доимии Украина дар СММ Сергей Кислитса алайҳи узвияти доимии Русия дар Шӯрои Амният изҳори назар карда буд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин кишвар тартиби шомил шудан ба Созмони Милалро нагузаштааст. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар посух ба ин иддао гуфт, ки Русия вориси Иттиҳоди Шӯравӣ аст ва аз чанд санади таъйидкунандаи мақоми ин кишвар дар созмони ҷаҳонӣ ёдовар шуд.
Аз ҷумла, дар қарори Шӯрои сардорони давлатҳои ИДМ аз 21-уми декабри соли 1991 гуфта мешавад, ки «мамлакатҳои иттиҳод Россияро дар давом додани узвияти СССР дар СММ, аз ҷумла узвияти доимӣ дар Совети Амният дастгирӣ мекунанд ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ низ».
Юлия ГУРЕЕВА, Анастасия БЕЛОУСОВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ