ИМА назорати ҷаҳонро аз даст медиҳад?
“Express” — расонаи бритониёие навиштааст, ки ИМА назорати тартиботи ҷаҳониро босуръат аз даст медиҳад ва Ҷо Байден вазъи кунуниро тағйир дода наметавонад.
Тавре Ҷеймс Ли — муаллифи мақола қайд кардааст, Иёлоти Муттаҳида дорои бузургтарин иқтисод ва низоми ҷаҳонӣ аст, аммо коршиносон мутмаинанд, ки боди тағйирот дар сиёсати ҷаҳонӣ дар ҳоле мевазад, ки дигар кишварҳо ба қудрат расиданд ва Вашингтонро аз саҳна дур кардаанд.
«Бидуни шубҳа, Чин ба абарқудрати навбатӣ табдил хоҳад ёфт ва эҳтимолан ҷаҳонро бо сохти як тартиботи нави дуқутбаи ҷаҳонӣ, ки аз замони Ҷанги сард дида нашудааст, мерасонад»,- гуфт Ли.
Ба андешаи ӯ, давлатҳо нуфузи худро аз даст медиҳанд. Ин ҳам далели он аст, ки Вашингтон натавонистааст масъалаи Украинаро бо Маскав бо роҳи дипломатӣ ҳал кунад.
Рӯзноманигор ёдрас шудааст, ки дар Шарқи Наздик ИМА низ назоратро аз даст дода ва ҷойи онро рақибон мегиранд.
— Дар давраҳои душвор роҳбарият калиди тавонмандӣ аст, аммо роҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден салоҳият ва эътибори пешгузаштагони худро барои ҳалли мушкилот надорад,- хулоса кардааст рӯзноманигор.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ