ИМА ҳокимияти Исроил бар Баландиҳои Ҷавлонро ба расмият шинохт
Доналд Трамп ёддоштро дар мавриди ба расмият шинохтани Баландиҳои Ҷавлон ҳамчун як қисмати сарзамин Исроил имзо кард.
Доналд Трамп ёддоштро дар мавриди ба расмият шинохтани Баландиҳои Ҷавлон ҳамчун як қисмати сарзамин Исроил имзо кард.
Маросими имзои ёддошт рӯзи 25 март дар Қасри Сафеди шаҳри Вашингтон дар ҳузури Бенёмин Натанёҳу, сарвазири Исроил баргузор шуд.
Давлати Сурия ин иқдоми Доналд Трампро сӯиқасд ба истиқлоли ин кишвар арзёбӣ кард.
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ин минтақаро ба унвони ҳудуди Исроил эътироф намекунад.
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия Мария Захарова иброз дошт, ки ба расмият шинохтани Баландиҳои Ҷавлон ҳамчун хоки Исроил вазъият дар Шарқи Наздикро шадидтар хоҳад кард.
То соли 1967 Баландиҳои Ҷавлон як қисми ҳудуди Сурия ҳисоб меёфт. Дар ҷараёни Ҷанги шашрӯза дар моҳи июни соли 1967 аз се ду қисми ин минтақаро неруҳои Исроил ишғол карданд. Дар соли 1981 парлумони Исроил қонуне қабул карда, Баландиҳои Ҷавлонро ҳудуди ин кишвар эълон кард.
Аммо Шӯрои Амнияти СММ ин қарорро эътироф накарда, онро минтақаи ишғолӣ хонд ва аз Исроил даъват кард, ки ин минтақаро ба Сурия бозгардонад.
Феълан дар минтақаи Баландиҳои Ҷавлон ҳудуди 30 нуқтаҳои аҳолинишин бунёд шуда ва дар онҳо 20 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Мавлуд Чавушоглу, вазири корҳои хориҷаи Туркия иброз дошт, кишвараш ин тасмими Вашингтонро қабул надорад.
Се соле қабл Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико, аз мусаввабаи Шӯрои Амнияти СММ, ки нисбати изҳороти сарвазири Исроил Натанёҳу дар бораи ба таври ҳамеша боқӣ мондани кишвар дар Баландиҳои Ҷавлонро ибрози нигаронӣ кард, пуштибонӣ карда буд.
Леон Паннета, вазири мудофиаи собиқи Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи Си-эн-эн гуфт, ки Трамп маҳз ба хотири дастгирӣ аз Бенёмин Натанёҳу дар интихоботи қарибулвуқӯъ дар Исроил ба чунин иқдом даст задааст. Қарор аст, пас аз ду ҳафта интихоботи парлумонии Исроил баргузор шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ