ИМА Олимпиадаи Пекинро таҳрим кард, КБО вокуниш нишон дод

Сухангӯи Қасри Сафед Ҷен Псакӣ дар брифинг гуфт, ки сиёсатмадорони амрикоӣ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 дар Пекини Чин ширкат намекунанд.

«Бо дарназардошти амалҳои наслкушӣ (генотсид)-и Чин дар вилояти мухтори Шинҷон-Уйғур ва дигар ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар маъмурияти Ҷо Байден ҳайати дипломатӣ ё расмиро ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва паралимпии Пекин-2022 намефиристад», иқтибос овардааст USA TODAY аз суханони Ҷен Псакӣ.

Ҷен Псакӣ инчунин гуфт, ки таҳрими эълоншуда ба варзишгарони Иёлоти Муттаҳида чӣ гуна таъсир мерасонад.

«Варзишгарони амрикоӣ моро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд кард, мо онҳоро 100% аз хона дастгирӣ хоҳем кард, аммо мо ба шуҳратпарастӣ дар атрофи Бозиҳои олимпии дарпешистода саҳм намегузорем», — гуфт ӯ.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба дунболи тасмими мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар бораи таҳрими дипломатии бозиҳои олимпии Пекин изҳорот нашр кард. Ба гуфтаи намояндаи созмони КБО бетарафии сиёсиро нигоҳ медорад ва мавқеи Иёлоти Муттаҳидаро эҳтиром мекунад.

«Ҳузури мансабдорони давлатӣ ва дипломатҳо як тасмими сирф сиёсии ҳар ҳукумат аст, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо риояи бетарафии сиёсӣ онро комилан эҳтиром мекунад», — гуфта мешавад дар изҳороти КБО.

Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 аз 4 то 20-уми феврал баргузор мешаванд. Қобили зикр аст, ки пойтахти Чин аввалин шаҳрест, ки ҳам Олимпиадаи тобистона ва ҳам зимистонаро баргузор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *