ИМА шаҳраксозии яҳудиҳоро қонунӣ хонд
Майк Помпео, котиби давлатии ИМА рӯз 18 ноябр гуфт, ки ИМА мавқеашро нисбати шаҳраксозии яҳудиҳо дар Соҳили ғарбии дарёи Урдун тағйир додааст.
Вашингтон дигар ба ин назар нест, ки шаҳраксозӣ ҳуқуқи байналхалқиро помол мекунад. Помпео гуфт, мавқеи Соҳили ғарбӣ бояд дар пайи гуфтугӯи Исроил бо фаластиниҳо таъйин гардад.
Ин тасмими Вашингтон аз мавқеи ҳукумати президенти пешини ИМА Барак Обама аз реша фарқ мекунад. Дар соли 2016 котиби давлатии вақти ИМА Ҷон Керрӣ расман тасдиқ карда буд, ки ИМА шаҳраксозиро ғайриқонунӣ медонад.
Исроил аз мавқеи ҷадиди ИМА истиқбол кард. Дар ҳукумати сарвазири Исроил гуфтанд, ки ҳамакнун «иштибоҳи таърихӣ» ислоҳ шуд.
Намояндагони Маҳмуд Аббос, роҳбари Фаластин тасмими ИМА-ро «хилофи ҳуқуқи байналхалқӣ» унвон кард. Иттиҳоди Аврупо гуфт, мухолифат ба шаҳраксозиро давом хоҳад дод. «Иттиҳоди Аврупо аз Исроил даъват мекунад, ки шаҳраксозиро қатъ кунад», — гуфт Федерика Могеринӣ, роҳбари умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо.
Исроил дар пайи Ҷанги шашрӯза дар соли 1967 Соҳили ғарбиро ишғол кард. Аз он замон то кунун дар ин минтақа 140 шаҳраки яҳудӣ сохта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир онҷо наздики 600 ҳазор одам истиқомат мекунад. СММ, Русия, Иттиҳоди Аврупо ва аксари кишварҳои дунё амалкарди Исроилро ғайриқонунӣ унвон мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ