ИМА сокинони Раштро аз сил наҷот медиҳад
Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Маркази минтақавии мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи Рашт таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавиро тақдим намуд, ки он барои тақвият бахшидани ҳамкириҳои васеъ миёни USAID ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Бояд қайд намуд, ки тибби фосилавӣ як навъ таҷҳизотест, ки он тариқи видеоконфронс ва технологияи иттилоотӣ кормандони тиб ва силшиносонро аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳам мепайвандад, Ин раванд барои анҷоми ташхиси дурусту саривақтӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ зарур мебошад.
Бо дастгирии барномаи USAID, бори аввал аст, ки силшиносони ноҳияи Рашт имкон пайдо намуданд тариқи таҷҳизоти замонавӣ фаъолияти силшиносони Маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи Рашт бо мутахасисон ва силшиносони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Маркази омӯзишии беморхонаи «Мачитон», пайваст шаванд ва тариқи видеоконфронс, машваратҳо ва маслиҳатҳои муфид гиранд.
Пеш аз ин кормандони тиб ва мутахассисони соҳаро зарур буд, ки садҳо киллометрро барои гирифтани машварату омӯзишҳои тиббӣ тай намоянд. Дар маросими супоридани таҷҳизот намояндагони USAID, Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва намояндагони мақомотҳои маҳаллӣ иштирок намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ