Имдоди Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон
Мусоҳиба бо Абдуллоҳ ибни Солеҳ Сабр
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиболи кишварҳои Шарқи Наздик Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мавқеъи хосро ишғол менамояд. Чанде пеш бо муовини сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе Абдуллоҳ ибни Солеҳ Сабр мусоҳиба анҷом додем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
-Ҷаноби Абдуллоҳ ибни Солеҳ Сабр, нахуст оид ба сатҳи робитаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чанд сухан мегуфтед. Онро имрӯз чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Арабистони Саудӣ яке аз аввалин кишварҳоест, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, муносибатҳои дипломатии хешро соли 1992 бо он барқарор намудааст. Арабистони Саудӣ дар байни дигар кишварҳои арабӣ аввалин шуда сафоратхонаи худро моҳи январи соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуд ва соли 2014 сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба фаъолияти худ оғоз кард. Дар ин замина, робитаҳои байни ду кишвар афзоиш ва рушди устувор пайдо намуда, дар натиҷа як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расид ва табодули назар дар атрофи дигар созишномаҳою меморандумҳо то имрӯз идома дорад. Ҳадаф аз он манфиатҳои муштарак ва таҳқиқи рушду шукуфоии ҳарду кишвар зери сарпарастї ва роҳбарии хирадмандонаи сарони ду кишвари бо ҳам бародар мебошад. Дар сатҳи ташрифҳо як қатор боздидҳои мутақобила байни мақомоти расмии ду кишвар анҷом дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ маротиба ба Арабистони Саудӣ ташриф оварда, бо роҳбарияти олии Арабистони Саудӣ мулоқот анҷом дод ва бо воридшавӣ ба дохили Каъба мушарраф гардид. Инчунин, чандин боздидҳои мақомоти расмии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Соли 1992 ташрифи зиндаёд вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, соли 2013 муовини вазири корҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Инчунин моҳи ноябри соли 2018 Вазири корҳои дохилӣ бо сафари серӯза ва моҳи декабри 2020 вазири варзиш бо сафари дурӯза ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар ин ҷо чандин ташрифҳои дигарро, ба монанди сафари Прокурори генералӣ, раиси Маҷлиси Шӯро, директори Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон, муовини вазири муҳити зист, об ва кишоварзӣ, вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ ва дигар соҳибкоронро қайд намудан ба маврид аст.
-Умуман, самараи ҳамкорӣ байни ду кишварро дар чӣ мебинед?
-Дар партави ин муносибатҳои нек, Арабистони Саудӣ ба муносибатҳои хеш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус дошта, дар ин ҷода кумаку дастгирҳо ва ёрии хешро, дар асоси сиёсатҳои роҳбарияти олии Арабистони Саудӣ дареғ намедорад. Зеро ин вазифаи бародарона ва инсондӯстонаи мо нисбати ба бародарони худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумлаи ин кӯмакҳо:
1. Кӯмакҳое, ки тавассути Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон тақдим гардид, ки дар давраи гузаштаи наздик ҳаҷми он ба 10 миллион доллари ИМА расидааст. Ин кӯмакҳо барои рушди лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар саросари кишвар равона гардиданд.
2. Қарзҳои имтиёзноке, ки тавассути Фонди Саудии Рушд тақдим гардид, ки тақрибан 651 (шашсаду панҷоҳу як) миллион риёли саудиро ташкил медиҳад. Аз ин қарзҳо лоиҳаҳои рушд, бахусус дар соҳаи сохтмони мактабҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон истифода шуданд.
Бо вуҷуди таваҷҷуҳ ба рушди муносибатҳои байни ду кишвар дар ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, таҳкими ҷанбаҳои фарҳангии байни ду кишвар ва халқҳои он низ аз мадди назар дур намондааст. Омилҳои гуногуни муштараки байни ду кишварро дар ин замина ёдовар шудан мумкин аст, ки муҳимтарини онҳо дини Ислом – дине, ки ду халқи бародарро бо ҳам мепайвандад. Ҳарсола бародарони тоҷик бо мақсади зиёрати Хонаи Худо ба шаҳри Маккаи Мукаррама рафта, адои фаризаҳо ва ибодати хешро бо як рӯҳияи баланд ва бо осонӣ анҷом медиҳанд ва бародарони онҳо дар Арабистони Саудӣ ҳамеша барои ҳоҷиён ва зоирони Хонаи Худо остини хидмат бар мезананд.
-Арабистони Саудӣ ба наздикӣ ташаббусҳои пешбарандаеро дар соҳаи муҳити зист эълон намуд. Ин чӣ ташаббусҳо ҳастанд ва мақсад аз пешниҳоди онҳо чист?
-Дар заминаи нақши пешбарандаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ба ҳайси як кишвари бузурги истеҳсолкунандаи нефт, Шоҳигарӣ масъулияти ҷузъии мубориза бо бӯҳрони муҳити зистро комилан дарк мекунад. Аз ин рӯ, пешбурди даврони навбатии сабз дар минтақа ва таҳрезии нақшаҳои устувору равшан ба татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ дар самти рушди устувор ва амнияти экологӣ мусоидат менамояд.
Дар ин робита, Шоҳзодаи воломақом Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз – валиаҳд, муовини Раиси Шӯрои вазирон, вазири мудофиа ташаббусҳои зеринро зери унвони “Арабистони Саудии сабз” ва “Ховари Миёнаи сабз”-ро эълон намуд.
-Дар фарҷом чӣ гуфтание барои мардуми Тоҷикистон доред?
-Мардуми тоҷик дорои тамаддун, таърих, санъат, фарҳанг, илму дониш буда, меҳмондӯсту саховатманд ва сулҳхоҳу осоишталаб мебошанд. Ин аст, ки меҳмонони Тоҷикистон худро дар кишвари худ эҳсос мекунанд.
Мо, кормандони сафоратхонаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҳамеша ҷиҳати таҳким ва тақвияти робитаҳои бародаронаи байни ду кишвар ва ду халқи бо ҳам бародар талош менамоем.
Фатҳиддини Замон, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ