Иммунизатсия муфид ва ройгон аст

Ба  саволҳои “Тоҷикистон” Шералӣ Раҳматуллоев- сардори  Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи ВТ ва ҲИА ҶТ  ҷавоб дод

Ҳадаф аз гузронидани рӯзҳои махсуси миллии ваксинатсия дар чист ва он то куҷо ба саломатии кӯдак мусоидат карда метавонад?

-Мақсад аз гузаронидани маъракаи миллии  имунизатсия аз он иборат аст, ки кӯдак дар натиҷаи мубориза бурдан бо ваксинаи  он беморӣ масуният пайдо кунад ва дар оянда тавонад, ки бо ҳамин вирус ё бактерияи дар баданаш воридгардида мубориза барад. Яъне, вақте як қисми муайяни беморӣ ба бадани кӯдак ворид мешавад, организм бар зидди беморӣ аксуламал пайдо мекунад ва дар давоми зиндагӣ боз ба вирус ё бактерия вохӯрад, масунияти бадан кӯдакро аз беморшавӣ муҳофизат мекунад.

-Агар кудак ба ваксинатсия ҷалб нашавад, ягон паёмад дорад?

-Бале, аксаран андешаҳо дар миёни аҳолӣ вуҷуд доранд, ки ҳамин ваксина чӣ лозим, ягон фоида надорад. Соли 2011 аз миёни гирифторони бемории фалаҷ 30 фоизашон фавтид, 35 фоизашон маъюб шуданд, ҳамагӣ 25 фоиз аз ин беморӣ эмин монданд. Онҳо, ки синну солашон аз 25 — сола боло буд, баъд аз таҳқиқҳо муайян гашт, ки дар хурдсоли ваксина бар зидди фалаҷро нагирифтаанд.

Бо ин роҳ миллионҳо кӯдаконро дар ҷаҳон аз бемориҳои гуногун пешгирӣ мекунем. Беморони дарунрав солҳои пеш дар фасли гармо тамоми беморхонаҳоро пур мекарданд. Баъд аз таҳлилҳо муайян гашт, ки 35 фисади беморони бистаришуда аз вируси бемории дарунравӣ азият мекашанд. Баъд аз ваксинатсияи саросарӣ  сатҳи гирфторшавиро то 35 фисад кам намудем.   Аслан ваксинаи ин беморӣ дар сини 2-3 — моҳагӣ гузаронида мешавад. Агар баъдтар  гиранд, фоида надорад.

-Танҳо ваксинаи бемории дарунравӣ чунин муҳлат дорад?

 —На танҳо. Бояд волидон фаромӯш насозанд, ки вақте кӯдак аз таваллудхона ҷавоб дода мешавад, дар “шиносномаи иммунизатсияи кӯдак” вақтҳои гузаронидани он нишон дода  шудааст. Ҳар як ваксинаро дар вақт соаташ гирифан шарт ва зарур аст. Зеро сари вақт нагирифтани он таъсирнокиаш нест мешавад ва масъунияти бадан дар мубориза ба ҳамон беморӣ нотайёр мемонад.

-Ваксинаҳо бо кадом роҳ ба бадани кӯдак ворид карда мешавад?

-Ваксинаҳо ба организми ҳар як инсон тариқи сўзандору (иммунизатсияи тазриқӣ), инчунин тариқи чаконидани қатра ба даҳон ва бо роҳи интранозалӣ (дар шакли чаконидан ба бинӣ) гузаронида мешаванд.

Бо роҳи сӯзандору,  дар зери пӯст, даруни пӯст ва даруни мушак ва ҳамчунин бо роҳи қатрагӣ даҳон ва бинӣ мечаконанд.  Иммунизатсияро дар  марказҳои саломатии шаҳрҳо, ноҳияҳо, деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ, ки бо ҳуҷраҳои махсуси ваксинагузаронӣ, ки бо техникаҳои зарурӣ ва маводҳои доруворӣ бар зиддӣ шок таъмин мебошад,  мегузаронанд.  Бояд хотиррасон намуд, ки иммунизатсия дар хона хатари калон дошта, қатъиян манъ аст ва волидон нагузоранд, ки дар шароити хона гузаронида шавад.

-Овозаҳое ҳам ҳастанд, ки гӯё ҳамин ваксинаҳо ҳамчун омӯзиш ба давлати мо ворид мешаванд, чӣ гуфтанӣ ҳастед?

-Дар соҳаи худам собиқаи 40 — солаи корӣ дорам. ТУТ пеш аз оне, ки ягон маводи дорувориро барои солимии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад, 10 -20 — солаҳо тадқиқот мегузаронад ва баъд аз тасдиқ шудани он ба кишварҳо интиқол медиҳад. Барои харидории ваксинаҳо аз тарафи буҷнти Ҳукумати ҷумҳурӣ маблағ ҷудо мешавад. Махсусан ҳамин сол 2 164 500 вояи ваксина бар зидди бемории сурхча ва гулафшон ворид карда шудааст. Ваксинаҳо аз тарафи давлат, шарикони рушд таъмин мекунанд. Аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии иммунапрофилактика ба тамоми марказҳои дар вилоятҳо бурда, аз ҷумла вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ фиристода мешаванд. Иммунизатсия ройгон аст ва онро ягон муассисаи табобати намехарад, ягон хел маблағ гирифта намешавад.

-Пас аз иммунизатсия низ эҳтимоли ба беморӣ гирифтор шудани кӯдак вуҷуд дорад? 

-Бале, вале он аз якчанд омилҳо ба монандӣ паст шудани сифатнокии ваксинаҳо бо сабаби риоя накардани талаботи занҷири хунуки таъминкунанда дар вақти интиқолдиҳӣ, техникаи нодуруст воридсозӣ вобастагӣ дорад…

-Чанде пеш хабар паҳн гашт, ки дар Ҷумҳурии Афғонистон одамон ба бемории фалаҷ гирифтор шуда истодаанд. Аз он ин кишвар ба мо ҳамсарҳад аст ва хавфи сироятёбӣ вуҷуд дорад. Дар ин замина чӣ чораҳо ягон чора андешида шуд?

-Бале, гурӯҳи корӣ ташкил карда,  дар ноҳияҳои наздимарзӣ ваксинаи зиддӣ фалаҷ гузаронидем, то ки мардуми мо аз ин беморӣ сироят наёбанд.

Охирсухан

 Дар вақти боздид аз анбори ваксинаҳо  ба саволи он, ки чӣ гуна метавон аз кор бозмондани техникаҳои нигаҳдорандаи хунукӣ  ва дигар мушкилиҳои марбута огоҳ шуд, Зафарҷон Азизов,  директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” чунин иброз намуд:

-Техникаҳо тавре муҷаҳҳаз шудаанд, ки агар барқ хомӯш шавад, паёмак меояд, ки  барқ хомӯш шуд ва агар ҳарораташ паст шавад, дар ин ҳолат ҳам паёмак меояд, ки ҳарорат номуътадил шуда истодаст.

Паёмак ба кӣ меояд?

Ба ман, сармуҳосиб, мудири Шуъбаи идоракунии ваксинаҳо ва сӯзандору, инчунин  ба сариқтисодчиамон  паёмак ирсол мегардад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *