Имом-хатиб «Тойота”-ро ба фарроши масҷид тӯҳфа кард

Як имоми масҷид дар Қазоқистон мошини нави «Тойота”-ро, ки муридонаш ба ӯ тӯҳфа карданд, ба фарроши масҷид дод, то ба барои худашу 7 кӯдаке, ки танҳо саробонӣ мекунад, хона бихарад.

Қанат Кидирмин, имом-хатиби масҷиди ба номи Наван Ҳазрати шаҳри Кокшетау дар намози рӯзи ҷумъа саховатмандии беназире нишон дод. Соҳибкорони маҳаллӣ ҳамчун аломати қадрдонӣ ба Қанат Кидирмин, ки бо хатми маъмурияташ дар Кокшетау барои идомаи кор ба Остона, пойтахти Қазоқистон мерафт, соҳибкорони маҳаллӣ як мошини нави «Тойота Камри” тӯҳфа карданд.

Имом-хатиб ба соҳибкорон барои ин тӯҳфа изҳори сипос кард, вале гуфт, ин мошинро ба фарроши масҷиди Ҳазрати Наван медиҳад, то барои худ хона бихарад. Ин зан, ки баъди марги шавҳараш бо 7 кӯдак танҳо мондааст, то ҳол дар як масҷиди иҷора зиндагӣ мекард.

Қанат Кидирмин аз ҳамаи намозгузорони масҷиди Ҳазрат даъват кард, то ҳамеша дасти ятимону дармондагонро бигиранд ва бо хайру савоб дарҳои ҷаннатро ба рӯи худ боз кунанд.

Қанат Кидирмин, ки яке аз ҷавонтарин имом-хатибҳои Қазоқистон аст, қаблан низ бо чунин амалҳои хайри худ дар сархати ахбор қарор гирифта буд. Дар моҳи сентябри соли 2016, дар арафаи иди Қурбон бо ташаббуси ӯ дар назди масҷиди Наван Ҳазрат мағозаи маҳсулоти бепул барои хонаводаҳои фақир кушода шуд. Хонаводаҳои ниёзманд метавонанд аз ин мағоза хӯроквориву либос ва дигар маҳсулоти зарурии рӯзгори худро бе пардохти ягон пул бигиранд. Амбори мағоза аз ҳисоби пулҳои сандуқи хайрияи масҷид пур мешавад.

Иқдоми ахири имом-хатиби қазоқ, ки моши ба худаш тӯҳфашударо ба фарроши масҷид бахшид, ба мавҷи вокунишҳо рӯбарӯ шудааст. Аксарияти кулл ба чунин саховатмандии ин имоми ҷавон таҳсин хонда, гуфтаанд, ин амал як намунаи ибрат барои мардуми давлатмандест, ки мутаассифона, дар корҳои хайр дасткӯтоҳӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *