Имом хатибон роҳ месозанд
Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ходимони дин ва намозгузорони масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам рӯзи 16 сентябр таҳти роҳбарии роҳбари дастгоҳи ҳукумати шаҳри Бӯстон дар ҳашари роҳсозӣ иштирок кардаанд. Шӯрои уламо мегӯяд, ин иқдом бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои президент Эмомалӣ Раҳмон ва «дастурҳои дахлдори роҳбарияти шаҳри Бӯстон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагиҳо бахшида ба омодагиҳои сазовор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «бо такя ба арзишҳои дини мубини Ислом” сурат гирифтааст.
Имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бӯстон гуфтааст, ки ходимони дин тасмим гирифтаанд то ҷашни 30-солагии истиқлолият марҳала ба марҳала дар тармими роҳҳои шаҳр ва дигар корҳои ободониву созандагӣ саҳм бигиранд. Мудири шуъбаи дин ва танзими анъанаҳои шаҳри Бӯстон Боқӣ Қудратов бо муфид хондани ташаббуси ходимони дин онро «садақаи ҷория” номид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ