Имом «ситора»-и нимуриёнро нафрин хонду…

Як имоми дар Интернет хеле фаъоли узбек аз рафтори овозхон Мӯниса Ризоева, бахусус аз тарзи, ба ақидаи ин рӯҳонӣ, хеле урёни либоспӯшии ӯ башиддат интиқод карда, гуфтааст, ин овозхон махсус ба «ҳиссиёти ҳайвонӣ”-и тамошобинон нохун мезанад.

Шомурод Тоғай, мутахаллис ба Домулло Алишер, имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Тинҷлик” дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук ба ситораи ҷавони эстрадаи узбек Мӯниса Ризоевадарафтодааст.

Шомурод Тоғай дар матлабе, ки рӯзи 7 декабр дар Фейсбук нашр кардааст, менависад, бархе овозхонҳои узбек аз тариқи телевизион бо пӯшишҳои беш аз ҳад урёни худ ба ҳиссиёти «ҳайвонӣ”-и ҷавонону духтарон нохун мезананд ва мехоҳанд бо рафтори дур аз ҳаё ва таҳрики ҳисси шаҳват дар зеҳни тамошобинон даст ба шӯҳрат биёбанд.

Шомурод Тоғай аз ҷумла Мӯниса Ризоеваро ном гирифта, навиштааст, «дар пеши рафтори ин овозхон ҳатто овозхонҳои Ғарб ангушти ҳайрат мегазанд.” Имом-хатиби масҷиди «Тинҷлик” чунин рафтору чунин либоспӯшии Мӯниса Ризоева ва дигар ситораҳои эстрадаро аломати пойин рафтани сатҳи маърифат ва имкони мардум номидааст.

Ӯ аз ин изҳори ҳайрат кардааст, ки «боз ӯро (Мӯнисаро) мухлисони ҷавонаш дӯст медоранд, аз вай ибрат мегиранд.” Шомурод Тоғай дар идомаи матлабаш занону духтаронро насиҳат кардааст, ки «зан ҳеҷ гоҳ, ҳатто зери хатари марг набояд дар кӯча сари луч зоҳир шавад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *