Имомназар Тавакалов соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Имомназар Тавакалов дар Бозиҳои зимистонаи Олимпиадаи махсус, ки дар шаҳри Турини Италия ҷараён дорад, медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар давидан бо пойафзоли махсус дар барф (снегоступинг) дар масофаи 50 метр миёни варзишгарони дорои имкониятҳои маҳдуд мақоми дуюмро ишғол кард.

Тавакалов дар даври интихобӣ беҳтарин натиҷаро нишон дода, ба финал роҳ ёфт ва дар марҳилаи ниҳоӣ медали нуқраро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқа аз муассисаи давлатии «Мактаб-интернати №2 барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд»-и шаҳри Душанбе намояндагӣ мекунанд.

Дар Бозиҳои зимистонаи Олимпиадаи махсуси Турин зиёда аз 1500 варзишгар аз 102 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Онҳо дар ҳашт намуди варзиш, аз ҷумла лижаронии кӯҳӣ ва давравӣ, рақси варзишӣ, рақси рӯи ях, флорбол, сноуборд, пойафзоли барфӣ ва шорт-трек рақобат менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image