Имомзода аз вазирӣ рафт. Саидзода вазири маориф шуд
Имрӯз дар натиҷаи як таъиноти кадрӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд ва ба ҷояш Саидзода Раҳимҷон Ҳамро таъин гардид.
Аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба Pressa.tj хабар доданд, ки чанд лаҳза пеш барои кормадони вазорат вазири нави маорифро муаррифӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки то ин дам Саидзода Раҳимҷон Ҳамро раиси филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе буд.
Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ҳамакнун вазири собиқи маориф Муҳаммадюсуф Имомзода ба вазифаи дигар гузашт ё ба нафақа рафт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ