Имомзода ба роҳбарони макотиби олии Суғд чӣ гуфт?
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо роҳбарони муассисаҳои олии вилояти Суғд вохӯрд. Инчунин, зимни сафар ба вилоят, академик М. Имомзода ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ омада, дар баробари шиносоӣ аз фаъолияти донишкада бо роҳбарони муассисаҳои олии вилоят суҳбат анҷом дод. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода ба роҳбарони муассисаҳои олии вилоят роҷеъ ба бардоштани сифати таҳсилот, нерӯйи зеҳнии устодони донишгоҳҳо, тарғиби ихтисосҳо дар давраи қабули довталабон тариқи ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳо ҷиҳати амалӣ намдани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», омодагӣ ба Наврӯзи байналмилал, корҳои бунёдкорӣ ва бо дастоварди арзанда истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастуру машваратҳо дод. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои қонунгузории маориф ва риояи интизоми меҳнат дар муассисаҳои олӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ