Имомзода: Донишҷӯёни шартномавиро хориҷ намекунем!
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба роҳбарони макотиби олии кишвар дастур дод, ки донишҷӯёни шартномавиро барои сари вақт напардохтани маблағи таҳсил хориҷ накунанд.
Ин қарор дар робита ба хурӯҷи коронавирус дар ҷумҳурӣ қабул шудааст. Имомзода изҳор доштааст, ки ба донишҷӯён барои дар вақти дигар бо хуб шудани вазъ дар кишвар ва пайдо шудани имконоти молиявӣ пардохт кардани маблағи шартномаи таҳсил имкон дода шавад. Вазир таъкид доштааст, донишҷӯёне, ки бинобар сабабҳои гуногуни узрнок дар имтиҳоноти хатм иштирок карда наметавонанд, имтиҳони онҳо ба даври дигар – семестри тирамоҳӣ гузаронида шавад.
Бо супориши вазир, пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ ва имтиҳоноти хатм, ки 15-уми май дар назар аст, дар тамоми бинову корпусҳои таълимӣ, синфхонаҳои донишкадаю донишгоҳ ва омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) гузаронида мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ