Имонқулов: Ба интихобкунандагон ришва меди ҳанд

Имрӯз дар Қирғизистон интихоботи вакилони парлумони ҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Дар ин бора Комиссияи марказии интихоботии кишвар хабар додааст.

Қитъаҳои овоздиҳӣ сар аз соати 8:00 шурӯъ ба кор намуданд ва шумораи онҳо дар Қирғизистон ва беруни аз он наздики 2,5 ҳазор ҳисобида шудааст. Маъракаи интихобот то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ идома меёбад. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аллакай дар ҳавзаи 1053 раъй додааст. Дабири Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Марат Имонқулов, дар ду рӯзи ахир теъдоди ришвадиҳӣ ба интихобкунандагон афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, маъмурони интизомӣ чанд тан аз мансабдоронро, ки мехостанд аз манобеъи маъмурӣ ба нафъи номзадҳои инфиродӣ истифода кунанд, боздошт карданд. Илова бар ин, Имонқулов иттилоъ дар бораи боздошти ҷинояткоронро, ки дар омодасозии табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон ширкат доштанд, тасдиқ кард. Вакилон дар ин кишвар аз рӯи низоми омехта интихоб мешаванд: 54 нафар аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ, 36 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ. Дар интихобот 21 ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин ҳудуди 300 номзаде, ки дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ширкат доштанд, рақобат мекунанд. Барои 90 курсӣ дар органи олии қонунгузор 1,3 ҳазор кас ариза додааст. Интихоботи парлумонии тирамоҳи соли 2020 ба далели нақзи қонунгузории интихобот беэътибор дониста шуда буд. Ҷамъбасти натиҷаҳои онҳо бо эътирозҳои оммавӣ, иваз шудани президент ва ҳукумат анҷом ёфта буд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *