Ҳимояи журналистони қазоқ аз раисашон

Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон ба раиси ниҳоди мазкур Садиқозӣ Матаев раъйи эътимод эълон кард. Дар ин бора дар ҷаласаи Иттифоқи рӯзноманигорон тасмим гирифта шудааст.

Қатъномае, ки дар ҷаласа қабул шуд, айбномаи тафтишот ва додгоҳро нисбати раиси Иттифоқи рӯзноманигорон рад мекунад.

3 октябр додгоҳи Остона раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев ва писараш Асет Матаевро мутаносибан ба шаш ва панҷ соли зиндон маҳкум кард. Падару писар дар ҷиноятҳои коррупсионӣ айбдор мешаванд. Аммо Саидқозӣ ва писараш ин айбҳоро рад мекунанд.

Созмони байналхалқии «Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон» аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки айбномаи Матаевҳоро бекор кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *