Имрӯз дар Хоруғ боз ҳам садои тир шунида шуд

Алишер Мирзонаботов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 27-уми ноябр, дар рӯзи севуми эътирозҳо дар Хоруғ, ба назди мардум баромада, аз онҳо хостааст, майдонро тарк кунанд, вале ҳангоми баргашташ ба бинои ҳукумат кашокаш шуда, тирпаронӣ сурат гирифтааст. Баъзе аз манбаъҳо дар бораи ҷароҳат бардоштани чаҳор нафар ва манбаъҳои дигар дар бораи захмӣ шудани ду нафар хабар медиҳанд. Мақомот расман чизе нагуфтаанд. Раиси вилоят ҳамроҳи вазири энергетика Далер Ҷумъа ва яке аз чеҳраҳои маъруфи минтақа Хурсанд Мазоров ба майдон омада буд. Алишер Мирзонаботов дар суҳбат ба мардум гуфтааст, ба хонаҳояшон баргарданд ва роҳҳоро боз кунанд. «Раиси вилоят ваъда дод, ки мақомоти дахлдор ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Аммо мардум розӣ нашуд ва истеъфои раиси вилоятро талаб доранд,» – гуфтааст Бахтовар Бахтиёров, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *