“Имрӯз дар Мариупол беш аз 1000 пиёдагарди Неруҳои мусаллаҳи Украина таслим шуданд”

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Чеченистон, «гуруҳҳои украинӣ пайи ҳам пароканда мешаванд, онҳо намедонанд бо захмиён чӣ кор кунанд, намефаҳманд, ки куҷо раванд ва баъд чӣ кор кунанд, охир, муқовимат бефоида аст ва амалан ягон қувваи ҷангӣ намондааст».

Вай афзудааст, ки танҳо гуруҳҳои хурди ҷудогона амал мекунанд, ки «бо ягон сабаб аз рафтан бо парчами сафед ба сӯи неруҳои Русия метарсанд». «Натарсед. Дар бораи хешовандон, маҷруҳшудагон, дар бораи ҳаёти худи шумо ва дигарон фикр кунед, ки чӣ тавр тири гумроҳшуда метавонад ба хона фоҷиа ворид кунад”,- гуфтааст Қодиров.

 Раиси ҷумҳури Чеченистон ҳамчунин гуфтааст, ки ҳоло дар қаъри “Азовстал” ҳудуди 200 захмӣ ҳастанд, ки наметавонанд кумаки пизишкӣ бигиранд. Қодиров таъкид кардааст, ки беҳтар аст онҳо ба муноқиша хотима дода, ба ватан баргарданд. «Ман ба онҳое мурочиат мекунам, ки ҳанӯз дар таҳхонаю туннелҳои комбинат банд мондаанд: шумо медонед, ки мо ба маҳбусон мисли одам муносибат мекунем. Дар бораи оилаҳои худ ва дигарон фикр кунед, чуноне ки имрӯз беш аз ҳазор пиёдагарди баҳрӣ кардаанд”,- гуфтааст Қодиров.

Дар замони эълони КХДР дар соли 2014, Мариупол, ки ҳудуди 450 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, пас аз Донетск дуввумин шаҳри бузурги ин ҷумҳурӣ буд. Аммо дар моҳи июни ҳамон сол неруҳои амниятии Украина назорати Мариуполро дубора ба даст оварданд ва канораҳои шарқии он ба яке аз гармтарин маконҳои даргириҳо дар Украина табдил ёфт.

Аз аввали моҳи март шаҳрро иҳота кардаанд. Ҳоло қувваҳои иттифоқчии РХХ ва Русия барои озод кардани ниҳоии шаҳр мубориза мебаранд. Дар байни воҳидҳои дигари украинӣ дар Мариупол полки миллатгароёни “Азов” низ ҳаст, ки алайҳи ҷангиёни он дар Русия парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *