Имрӯз “Истиқлол” бо “Ал-Наср” бозӣ мекунад
Имрӯз, 2-юми октябр дар шаҳри Риёз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» миёни бошгоҳҳои «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон баргузор мешавад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, аз легионерҳои «Ал-Наср» муқобили «Истиқлол» — Роналду, Ляпорт, Талиска, Брозович ва Фофанa бозӣ мекунанд. Мане, Отавио, Теллес дар ин бозӣ иштирок карда наметавонанд. Дар Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё танҳо иштироки 5 легионери хориҷӣ ва 1 легионер аз Осиё иҷозат дода шудааст.
Ҳамчунин, Игор Черевченко бо баъзе сабабҳои номаълум ба Арабистони Саудӣ сафар накардааст. Дастаро дар бозӣ бо «Ал-Наср» ёвари ӯ Юрий Батуренко роҳбарӣ хоҳад кард.
Ин дидор дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк» баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад. Довари асосии бозӣ Ко Хюнг Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ