Имрӯз нишасти сарони ИДМ баргузор мегардад
Нишаст ба таври онлайн баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар ҳошияи ҳамкориҳои ИДМ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷориву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ кунанд
Нишаст, имсол бо далели пандемия дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад.
Интизор меравда, ки мавзӯи асосии ин видеоконфронс низ коронавирус ва таъсири он иқтисоди кишварҳо мегардад.
Ҳамчунин роҳбарии иттиҳод ба Белорус супурда мешавад.
Дар нишаст президенти Русия Владимир Путин, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Қазоқистон Қосим — Ҷомарт Тоқаев, президенти Белорус Александр Лукашенко ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Талант Мамитов иштирок мекунанд.
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо сабаб марги падараш иштирок намекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ