Имрӯз ҳам ҳавои гарм моро интизор аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ карда шуда, дар баъзе ноҳияҳо вазиши сахти бод дар назар аст.

Имрӯз, 9 феврал ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.

Ба иттилои Агентӣ, дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона аз 4-1 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр ва бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард ва рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, ин гуна вазъи боду ҳаво то 13 феврал дар ҷумҳурӣ боқӣ хоҳад монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *