Имрӯз ҳам барф меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон  ва барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон «Ховар» хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда,   дар баъзе ноҳияҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона  ҳаво аз  2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  16-21 ва рӯзона 2-7  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва барфи тар  меборад.  Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат  дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард  шуда,  рӯзона  аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок шуда, боридани  борон  ва барф дар назар аст.  Дар минтақаҳои кӯҳӣ барфи шиддатнок борида, туман мефарояд.   Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда,    рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, барф  меборад.  Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боришот  шиддат ёфта, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз  дараҷа хунук то  4 дараҷа гарм ва   рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона 2-7 дараҷа сард шуда,  рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *