Имрӯз ҳам борон мебораду раъду барқ ба амал меояд

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баландиҳои 2500 метр  эҳтимоли боридани барф  вуҷуд дорад.

Имрӯз, 22 май дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +4 +9 ва рӯзона +17 +22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрноки тағйирёбанда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +13 +18 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба амал омадани раъду барқ, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +23 +25 дараҷа ва шабона +11+13 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *