Имрӯз ҳарорати ҳаво нисбатан пастттар мешавад
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, шурӯъ аз имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст мегардад. Дар бештари ноҳияҳо вазиши сахти шамол то 15-20 метр дар як сония расида, дар натиҷа чангу ғубор ба амал меояд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо ба 16-21 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона +16+ 21 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +19+21 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ