Имрӯз ҳаво 45- дараҷа гарм аст
Имрӯз, 10 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат то ба 45 дараҷа мерасад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 28-33 дараҷа ва дар шарқи он 16-21 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 40-45 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво 37-42 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 38-43 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 40 — 42 дараҷа гарм мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон сокинонро огоҳ карда буд, ки дар рӯзҳои гарм камтар зери шуоъи офтоб қарор бигиранд ва ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатрашонро фаромӯш насозанд: «Бештар об истеъмол кунед, дар роҳҳо бодиққат бошед, чун маъмулан дар гармои шадид саломатӣ метавонад бад шавад. Дар хотир дошта бошед, ки аз ҳама зиёдтар пирон ва кӯдакон ба хатари гармо рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар соҳилҳо эҳтиёткор бошед, қоидаҳои бехатарии будубош дар назди рӯдхонаҳо, каналҳо ва обанборҳоро риоя намоед».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ