Имрӯз ҳаво абрноку бе бориш мешавад
Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш гашта, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати ноустувор дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат баланд гардида, рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти шарқ дар як сония 4-9 метр мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ мегардад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 21-26 ва дар шарқи ҳамин вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абриро пешгӯӣ менамоянд. Дар ноҳияҳои вилоят вазиши сахти шамол ба амал омада, суръати он аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ