Имрӯз ҳаво намеборад
Имрӯз, 16 ноябр, дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон рӯзона ҳавои абрноки бебориш ва шабона фаромадани туман ва боридани борон пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш, шабона дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф ва фаромадани туманро пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 8-13 дараҷа мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва бебориш пешбинӣ шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 2-7 ва рӯзона ба 8-13 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ