Имрӯз ҳавои гарму офтобӣ мешавад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии  обуҳавошиносии кишвар,  имрӯз, 14 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Бар асоси пешгӯии марказ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр буда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона  9-14  ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 3-2 дараҷа  ва рӯзона 12-17  дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво шабона ба 12-17  ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.

Дар  вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда,  дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат  пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо гармии ҳаво  шабона 20-25  ва рӯзона 31-36 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок шуда,  дар баъзе маврид  борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо шабона 15-20  ва рӯзона 34-39 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, гармии ҳаво шабона 16-18  ва рӯзона 36-38  дараҷаро ташкил медиҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *