Имрӯз ҳавои хуб дар назар аст
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 25 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Тибқи пешгӯии ин марказ имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -1+4 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Дар водиҳо ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, рӯзона дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағирёбанда шуда, гармии ҳаво шабона 16-18 ва рӯзона 35-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ